Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Монтана


Латифи Латиф

Вазорати маъорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи аёлати Монтанаи Иёлоти Муттаҳида як ёддошти тафоҳумро дар бораи ҳамкориҳои густарда ба имзо расонданд, ки табодули донишҷӯёну устодон, таъсиси бахшҳои таълимӣ, пажӯҳишҳои муштараки илмӣ ва расондани кӯмакҳои фанниро дар бар мегирад. Чунин созишномаҳо боз бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва макотиби олӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба имзо хоҳанд расид. Донишгоҳи аёлати Монтана дар шаҳраки Миссула ҷойгир буда, дар он 14 ҳазор донишҷӯ дар даҳҳо риштаи гуногун таҳсил мекунанд. Асоси обрӯи донишгоҳи Монтанаро омӯзиши фанновариҳои нави иттилоотӣ, иқтисодиёту молия ва ҳунарҳои драмавӣ ташкил медиҳанд. Барномаҳои пажӯҳишии устодону шогирдони ин донишгоҳ низ дар саротсари Амрико машҳуранд. Ҷиҳати дигаре ки Донишгоҳи Монтанаро номдор кардааст, ширкати васеъи он дар барномаи ISEP ва ё табодули байнулмилалии донишҷӯён мебошад.
Робитаҳои Донишгоҳи аёлати Монтана бо Тоҷикиситон аз сафари Ҳамроҳхон Зарифов, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида ба ин донишгоҳ дар моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ шуданд.
Латифи Латифӣ

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG