Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи Ҳафта: Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дубора зиндонӣ шудааст


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров 50 сол дорад, генерал - майори нирӯҳои мусалаҳи Тоҷикистон, узви собиқи кобинаи Эмомалӣ Раҳмонов ва аз фармондеҳони пешини нирӯҳои мухолифи давлат аст, ки акнун дар зиндон ба сар мебарад.

Генерал Искандаров дар ибтидои солҳои навадум баробари фароҳам шудани шароит барои таъсиси ташаккулҳои мухолифи сиёсӣ вориди сиёсати фаъол шуд ва узви Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва раиси созмони ин ҳизб дар ноҳияи собиқи Ленин шуд, ки акнун номи Рӯдакиро дорад. Бо шурӯъи ҷанг табъан дар канори нирӯҳои мухолифи Ҷабҳаи Халқӣ қарор гирифт ва то имзои созишномаи сулҳ алайҳи нирӯҳои вафодор ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дар шарқи Тоҷикистон ҷангид. Бо имзои созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, Искандаров чун аксари фармондеҳони мухолифин шароити ин созишномаро пазируфт ва аз идомаи даргириҳо худдорӣ кард ва тибқи саҳмияи сидарсадии мухолифин ба ҳайси вазири умури фавқулодда вориди ҳукумат шуд.

Бо гузашти як сол масъалаи ба ихтиёри намояндаи мухолифин вогузор кардани вазорати дифоъ, ки дар тавофуқоти сулҳ пешбинӣ мешуд, роҳи ҳалли худро пайдо накард ва Муҳаммадрузӣ Искандаров аз мақомаш барканор ва Мирзо Зиёев, фармондеҳи кулли нирӯҳои мухолиф бо мувофиқаи роҳбарияти мухолифин ба ҷойи вазорати дифоъ ба мақоми вазири умури фавқулодда тайин шуд. Ин ҳол боиси пайдо шудани нахустин рахна миёни Искандаров ва роҳбарияти мухолифин гашт.

Искандаров дар пойизи соли 1999 ба унвони раиси ҲДТ баргузида шуд ва нахустин иқдоми ӯ интиқод аз роҳбарияти Итиҳоди Нирӯҳои Мухолиф ва ихроҷи ҲДТ аз ин иттиҳод буд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар пойизи ҳамон сол Искандаров ҳамроҳ бо Акбари Тӯраҷонзода, роҳбари дараҷаи дуи мухолифин, генерал Ҳабиб Сангинов ва чанде дигарон аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҷонибдорӣ кард ва Иттиҳоди Нируҳои Мухолифин, ки ҳукуматро ба зону даровард, то сари мизи музокира бо мухолифин бинишинад, бидуни он ки фурсат пайдо кунад ва аз инҳилоли худ хабар диҳад, гум ва нопадид шуд.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ин миён раҳбари ширкати хадамоти шаҳрӣ ё "Тоҷиккомунсервис" таъйин шуда буд. Вале дар интихоботи порлумонии соли 2000 ҳизби ӯ ва рафиқони ҳизбияш натавонистанд монеъаи панҷдарсадиро убур ва вориди маҷлис шаванд. Нокомии афроди саршиноси ҲДТ дар интихобот, назири Аслидин Соҳибназаров, ки номуваффақии худро ношӣ аз мудохилаи ҳукумат дар умури интихобот медонистанд, ва дарки ин ҳақиқат, ки ҳукумат ҳузури аъзои ҳизби демократро дар порлумон таҳаммул надорад ва танҳо ҷой додани Искандаров дар ҳукумат ба манзури қаноъат додани шахси худи ӯст ва давлат ҳизбашро шарики роҳбурдӣ намеҳисобад, боис шуд, ки муносибати Искандаров бо ҳукумат андак - андак тағйир пайдо кунад.
Бо ин вуҷуд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба мақоми дигари раёсати ширкати "Тоҷикгаз" таъйин шуд, ки аз ширкатҳои муҳими давлати Тоҷикистон аст.

Аммо акнун мухолифати усулии мақомот бо шахси Муҳаммадрӯзӣ Искандаров рӯшантар эҳсос мешуд. Як дафъа бо баҳонаи бо худ доштани муҳофизони мусаллаҳ оқои Искандаров аз ҷониби пулиси Душанбе боздошт, вале бо мудохилаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов раҳо шуд ва ба кори худ идома дод. Таҳрими раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосӣ аз ҷониби ҲДТ нуқтаи атф дар муносиботи ин ҳизб ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо ҳукумат буд ва ба дунболи ин равобит ба куллӣ тира шуд. Зеро ин ислоҳот ба раисиҷумҳур иҷоза медод ду навбати дигар довталаби раёсати ҷумҳурӣ бошад ва Искандаров бо ин тарҳ мухолифат мекард: "Ин яке аз шартҳои асосии сулҳ буд ва ақалан як давра мумкин буд, ки инро даст намезаданд ва шахси дуввуме, ки ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмонов хоҳад омад, бигзор ӯ тағйирот ворид мекард. Гап бар сари ин меравад, ки дар ин се соли охир чӣ тағйироте дар ҷомиаи Тоҷикистон ба амал омад, ки зарурати тағйири нави Қонуни Асосиро пеш оварда бошад. Ман фикр мекунам, ки ин паймоншиканӣ аст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз Нурӣ фурӯхт ҳамаи моро."

Ба дунболи баргузории ин раъйпурсӣ дар моҳи ноябри соли 2003 Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз мақоми раёсати ширкати "Тоҷикгаз" барканор шуд ва ба пойгоҳи пешинаш дар шарқи Тоҷикистон ақибнишинӣ кард. Тӯли се моҳ дар ноҳияи Ҷиргатол ба сар бурд ва бо васояти шахси раисиҷумҳур ба пойтахт баргашт, вале мақоми дигареро ӯҳдадор нашуд. Генерал Искандаров дубора дар моҳи августи соли 2004 ба дунболи чанд дафъа таъқиби додситонӣ ба Маскав рафт ва дар моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби мақомоти интизомии Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт, вале ба сурати ғайриинтизор, баъди чор моҳ аз зиндон раҳо шуд.

Билофосила, баъди раҳоӣ Искандаров хоҳони як растохези мардумӣ ба манзури табдили қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон шуд, ки нигаронии амиқи мақомоти Тоҷикистонро ба дунбол дошт, хусусан дар пасманзари ҳаводиси Қирғизистон. Оқои Искандаров ҳамчунин то кунун нахустин касест, ки изҳор намуд, омода ҳаст дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006 рақиби Эмомалӣ Раҳмонов шавад: "Ҳатман, ҳатман. Мақсади ман ҳамин аст. Вале пеш аз он ки дар он ҷо дар ин интихобот ширкат кард, бояд дар ҳудуди Тоҷикистон як қонуният бошад, озодии баён бошад, озодии интихоб бошад. Як чизҳое бошанд, ки дар он ҷо иштирок кардан ҳам маънӣ дошта бошад."

Раҳоии Искандаров аз боздоштгоҳи Маскав ҳадсу гумонҳоеро ба дунбол овард. Аз ҷумла бархе намояндагони нирӯҳои мухолиф ва таҳлилгарон низ хушбин шуданд, ки Русия билохира бо диди фарохтаре ба Тоҷикистон менигарад ва муносиботашро бо нирӯҳои мухолифи давлат тағйир додааст. Яъне Кремл мехоҳад ҳам ҳамкори ҳукумат бошад ва ҳам эътимоди нирӯҳои мухолифро ҳифз кунад. Аммо боз ҳам Искандаров боздошт ва ба Душанбе мунтақил шудааст. Дар воқеъ мақомоти Маскав даст доштани худ дар боздошти Искандаровро рад мекунанд. Додситонии он кишвар гуфтааст, барои боздошти Искандаров раводид содир накардааст. Аммо дар айни ҳол бархе дигар таҳлиларон боз ҳам мӯътақиданд, ки боздошти Искандаров ва овардани ӯ ба Душанбе ба суди манофеъи дарозмуддати ҳукумати Тоҷикистон тамом нахоҳад шуд, зеро ин ҳол заминаи мухолифатҳо ва адами эътимодро дар ҷомеа доман мезанад.
XS
SM
MD
LG