Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Амрико аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни нашри як огаҳӣ ба шаҳрвандони ин кишвар аз эҳтимоли сар задани амалиёти террорристӣ дар Осиёи Марказӣ ва махсусан минтақаи марзҳои муштараки Ӯзбакистону Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ташвиш намудааст. Амрико шаҳрвандони худро даъват менамояд, дар таъмини амнияти худ аз ҳушёрии бештар кор гиранд. Мақомоти Кохи Сафед меафзоянд, ҳанӯз ҳам иттилооте дастрас мекунанд, ки дар онҳо сухан аз эҳтимоли сар задани ҳамлаҳо ба шаҳрвандони ин кишвар ва доройиҳову манфиатҳои Амрико меравад. Ба ҳайси унсурҳои марбут ба терроризм дар ин ҳушдори Кохи Сафед ба гурӯҳҳои мисли Ҷиҳоди исломӣ, Ал Қойида, Ҷумбиши исломии Ӯзбакистон ва Ҷумбиши исломии Туркистони Шарқӣ ишора шудааст. Ин ҳушдор ба ҳодисаҳои гаравгонгирӣ ва задухурдҳои наздики марзҳои Ӯзбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчун далелҳои фаъолиятҳои террористӣ ишора мекунад. Амрико аз шаҳрвандонаш даъват мекунад, зимни сафар ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дафъатан дар наздиктарин сафорати ин кишвар ба қайд гирифта шаванд ва аз макони будубоши худ ва шумораҳои телефони худ дарак бидиҳанд.
Хиромони Бақозода
XS
SM
MD
LG