Пайвандҳои дастрасӣ

Дарҳои бози як хонаи нав барои кӯдакони бехона


Хонаи дилкаше барои кӯдакони бехона ва бесарнавишти кӯчаҳои Душанбе бо дастгирии молии созмони «Наҷоти кӯдакон»-и Бритониё дарҳои худро боз кард ва сафири Бритониё дар Тоҷикистон, Грэм Лотен, дар маросими ифтитоҳи он гуфт, кӯдакон дар ин ҷо метавонанд дарс хонанд, бозӣ кунанд, телевизор тамошо кунанд, таом бихӯранд ва аз ҳама муҳимаш, сарпараст дошта бошанд. Мавҷуда Раҳмонова-- сарвари созмони ғайриҳукуматии «Кӯдакони гуреза ва бепарастор», ки солҳо боз ба тарбия ва таълими кӯдакони хиёбонӣ машғул аст, мегӯяд, теъдоди чунин кӯдакон дар кӯчаҳои Душанбе тақрибан панҷ ҳазор нафар аст ва ин ҳам танҳо ба тахмин.

Шумори аслии кӯдакони кӯчаро касе ҳисоб накардааст. Ин кӯдакон ё умуман хона надоранд ва ё агар дошта бошанд, аз он хона кӯчаро афзалтар мешуморанд. Бону Мавҷуда Раҳмонова мегӯяд, шароити зист дар хонаҳояшон барои ин кӯдакон таҳаммулнопазир аст, зеро волидони майзада доранд, ки фарзандони хурдсоли худро водор месозанд, ки ба ҳар роҳе бошад, рафта барои майнӯшии онҳо пул ёбанд.

Як сарпарасти дигари кӯдакҳои хиёбонии тоҷик Фаронса мебошад. Ив Мондейл-- ноибсафири Фаронса дар Душанбе низ дар маросими боз шудани паноҳгоҳи аввалини кӯдакони хиёбонӣ дар Душанбе ширкат дошт ва гуфт, ин кӯмакҳо аз он хотиранд, ки бо ёд овардани ҳоли кӯдаки танҳо дар кӯчаҳои торику сард дили ҳар нафар месӯзад ва ба риққат меояд.
Ба кӯдакони хиёбонӣ ҳамчунин либосворӣ ҳадя карда шуд. Кӯдакон мегуфтанд, аз ин гуна ғамхориҳо хеле мутаассир гаштаанд.
Тасвири ҳоли зори кӯдакони хиёбонӣ дар кӯча ва хурсандии онҳо аз паноҳгоҳ аз даҳони худашон зери ин хати сабз ниҳон аст.


Бону Мавҷуда Раҳмонова мегӯяд, агар ин кӯдакон ба панҷаи тақдир ҳавола шаванд, дар ояндаи хеле наздик сарнавишти талх аз онҳо барои ҷомеа як хатари гурезнопазир ба вуҷуд хоҳад овард. Барои пешгирӣ аз он бояд ин кӯдаконро дар шароити беҳтар, дар рӯҳияи солим ва бо зебоипарастиву инсондӯстӣ тарбия кард.
XS
SM
MD
LG