Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти се милисаи Русия бо айбномаи рабоиши муҳоҷирони тоҷик


Се корманди милисаи роҳи оҳани вилояти Аштархон бо иттиҳоми рабудан ва дар асорат нигоҳ доштани гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик бо сӯиистифода аз мақоми давлатии худ ба ҳабс гирифта шуданд. "Шаби аз якум ба дуюми апрели соли равон се корманди милиса бо баҳонаи тафтиши аснод дар истгоҳи Ахтубинск 11 муҳоҷири тоҷикро, ки озими Петербург буданд, аз қатор поин карда, шиносномаи онҳоро гирифта, ҳамаи гурӯҳро ба асорати се шарики худ, нафарони мулкии чечентабор супурданд", гуфт ба Радиои Озодӣ дастёри додситони вилояти Аштархон Анна Коняева. Одамрабоён аз муҳоҷирон пул талаб карданд ва ба онҳо иҷоза доданд, аз ҳамдиёрони худ дар Петербург маблағ дархост кунанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург қазияро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот хабар доданд ва дар ҷараёни амалиёти махсус, ҳангоми расондани пул ба одамрабоён аввал се нафари мулкӣ ва акнун кормандони милиса боздошт шуданд. Пештар хабар дода мешуд, ки дар ин воқеа танҳо як корманди милиса даст дорад, вале намояндаи додситонӣ мегӯяд, иштироки ду милисаи дигар низ ошкор гардид. Кормандони милисаи Русия борҳо дар ришваситонӣ аз коргарони тоҷик айбдор шудаанд, аммо аввалин бор аст, ки дар бораи одамрабоии онҳо хабар дода мешавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG