Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ маркази нави UNIFEM барои занони кишоварз


Бунёди занон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ё UNIFEM зимни як барномаи кумак бо номи "Дастрасии занон ба замин" дар 5 ноҳияи Тоҷикистон марказҳои иттилоотиву машваратӣ таъсис дода, гуфтааст, мехоҳад, шумораи бештари занони деҳотро дар ин кишвар ба кишоварзони соҳибзамин ва мустақил табдил диҳад. Мушовири бунёди занони Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамоҳангсози барномаи мазкур дар Тоҷикистон, Ҷаҳонгири Мунзим мегӯяд, ташкил ва марҳилаи аввали кори ин марказҳо зиёда аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармояро талаб кардааст. Мушовири барномаи UNIFEM дар вилояти Суғд Биҳоҷар Раҳимова гуфт, ки ин марказҳо ба занон кӯмак мекунанд, ки ризқи худу хонаводаашонро пайдо кунанд ва низ маҳсулоташонро ба бозор бароранд.
UNIFEM то имрӯз дар 11 ноҳияи кишвар чунин марказҳои иттилоотӣ ва машваратиро барои занон ташкил намудааст, ки дар онҳо коршиносон ва ҳуқуқдонҳои ботаҷриба кор мекунанд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG