Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти вакилони дифоъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз рафтори додситонӣ


Аъзам Бадриддинов, дуввумин вакили мудофеи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи вазорати амният ба сар мебарад, мегӯяд, кӯшишҳои ӯ барои дарёфти асноди марбут ба парвандаи оқои Искандаров натиҷае надода ва ӯ дар давоми рӯз натавонистааст, бо муфаттиш рӯ ба рӯ шавад.
Аз боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба қавли додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар душанбе 6 рӯз мегузарад, аммо вакили мудофеи аввалаи ӯ Ширинмоҳ Ибронова ҳам то кунун натавонистааст, бо оқои Искандаров дар боздоштгоҳ мулоқот кунад.
Аъзам Бадриддинов гуфт, бо тақозои хешовандони Искандаров субҳи 28 апрел барои дифои Искандаров корро шурӯъ кардааст.
Мусоҳибаи комил бо Аъзам Бадриддинов

Аммо дар ҳамин ҳол Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон иддаои вакилони мудофеи Искандаровро рад кард ва гуфт, барои мулоқот бо Искандаров ҳеҷ монеае вуҷуд надорад.

Сӯҳбати комил бо Бобоҷон Бобохонов

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG