Пайвандҳои дастрасӣ

Нақши Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар муҳити сиёсии ин кишвар


Бо гузашти як сол аз замони эъломи таъсиси Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи озод ва шаффоф дар Тоҷикистон аз тарафи чаҳор ҳизби сиёсии кишвар - Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Демократ, Ҳизби Сотсиалист ва Ҳизби Сотсиал-Демократ фаъолият, ҳузур ва нақши ин эътилоф дар муҳити сиёсӣ бо назариёти мухталиф арзёбӣ мешавад. Кор то ҷоест, ки аз сӯҳбати бо муассисини эътилоф бармеояд, баҳои худи онҳо низ ба фаъолияти худ давоми як сол аз арзёбии коршиносони мустақил ва сиёсатшиносон камтар тафовут доштааст.

Барои мисол ба назари Муҳиддин Кабирӣ - муовини авали раиси Ҳизби Наҳзат ва вакили порлумони кишвар ин эътилоф, ки танҳо бо ҳадафи назорат бар раванди интихоботи порлумонӣ ва шаффофияти баргузории ин маърака ташкил шуда буд, новобаста аз натоиҷи интихобот тавонистааст, масъулияти худро иҷро кунад. Оқои Кабирӣ мегӯяд, бар изофаи назорати ҷараёни интихоботи порлумонӣ аз сӯи нозирони эътилофи аҳзоби сиёсӣ ҳамчунин дар бештари ҳавза ва марокизи раъйдиҳӣ ҳамкории назарраси аҳзоб дар доираи эътилоф мушоҳида мешуд.

Барои шунидани андешаҳои Муҳиддини Кабирӣ ин ҷумларо клик кунед.

Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон бо таъкиди ин нукта, ки худи таъсиси Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат дар фарҳанги сиёсии кишвар як падидаи мусбат будааст, мегӯяд, иллати комёб нашудани номзадҳои аҳзоби узви эътилоф дар интихоботи порлумонӣ на дар тавонмандии Ҳизби Халқӣ-Демократӣ, балки дар истифодаи номаҳдуди захоири моддӣ ва идории ҳокимияти иҷроия ва мақомоти давлатӣ бар манфиати номзадҳои ин ҳизб мебошад.

Назари Шокирҷон Ҳакимов

Аммо Исмоил Раҳматов - коршиноси мустақили тоҷик бар ин ақида аст, ки аъзои Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффоф ва озодро ба истиснои Ҳизби Наҳзати Исломӣ мушкилоти мухталифи дохилӣ гиребонгир будааст.

Далелҳои Исмоил Раҳматов

Аммо ба назари Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стротежии назди раиси ҷумҳур ин эътилоф ҳанӯз аз ибтидои ташкилёбӣ маҳкум ба нокомӣ будааст. Ҳарчанд муассисини Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат дучори шикасти шадиде дар интихоботи порлумонии кишвар шудаанд, ҳанӯзам бар ин боваранд, ки танҳо роҳи қонунии мубориза бо ҳизби ҳоким дар интихоботҳои баъдӣ ҳамоно тамдиди фаъолияти ҳамин эътилоф мебошад.
XS
SM
MD
LG