Пайвандҳои дастрасӣ

Лаъли Бадахшон - шиканандаи ташнагӣ ва нигаҳдоранда аз хатар?


"Сангҳои Гаронбаҳои Бадахшон". Журналист Назардод Ҷонбобоев чунин китоби раҳнаморо тавассути нашриёти "Помир" пешкаши хонандагон гардонидааст, ки дар он доир ба сангҳои гаронбаҳои Бадахшон, нисбат додани хусусиятҳои шифоӣ ва рамзӣ ба сангҳои ҷавоҳирии минтақа маълумот гирд оварда шудааст. Бадахшон аз қадимулайём чун макони лаъли Бадахшон ва зиннатдиҳандаи тоҷи шоҳон шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда буд.

Дар ноҳияи Ишкошим маҳаллест бо номи "Кӯҳи Лаъл", ки дар он ҷо то ба ҳол лаъл истихроҷ мешавад. Дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Мурғоб санги гаронбаҳои дигар ёқут кашф гардид. Бадахшон дорои захираи конҳои бузурги булӯр, ки он дар саноати оинасозӣ ва электроника фаровон истифода мешавад, маҳсуб мегардад. Ҳамчунин сангҳои амазонии ақиқ, аметист, забарҷад, турмалин, гранит ва ё донаи анор, яшм дар Бадахшон зиёд вомехӯранд.
Мармарҳои рангин ва лоҷувард низ тавваҷӯҳи зиёдеро ба худ ҷалб карда, дар корхонаи коркарди лаъл, қисмати умдаи маҳсулот аз ин навъи сангҳо тайёр карда мешуд.

Журналист Назардод Ҷонбобоев мегӯяд, аз ривояту афсонаҳо ва маъхазҳо маълум мешавад, ки сангҳои гаронбаҳо дар миёни мардум на танҳо чун васоили ороиш, балки чун воситаи муолиҷа, рамзӣ ва соҳирӣ низ истифода мешудаанд. Ба ақидаи мунаҷҷимон, ҳар як шахс дорои санги саодатмандӣ ва нигаҳбон аз бадбахтиҳо будааст. Ба сангҳои ҷавоҳирӣ ҳамчунин сифатҳои оварандаи некиву дилхушӣ, нотиқӣ, эминӣ аз хатар ва душман, пирӯзӣ дар муҳориба, нотарсӣ ва наҷотбахшӣ аз неши ақрабу мор нисбат дода мешудааст.

Оид ба шоҳи сангҳо - алмос ва ёқут чунин ақида вуҷуд доштааст, ки он хашму ғазабро фурӯ менишонад ва андешакориву хирадмандиро афзоиш медиҳад. Онҳоро ҳамчун овардани пирӯзӣ дар миёни ҷанги ду лашкар медонистаанд. Ривояти дигар ин аст, ки агар зани ҳомила дар даст алмос бигирад, таваллуд барояш осон мешудааст. Мӯзаи лаълдорро нигаҳдорандаи соҳибаш аз хатар меҳисобидаанд ва гарду хокаи лаъл барои рафъи зардии рухсор кӯмак мекардааст.

Агар пораи лаълро дар даҳон бигиранд, ташнагиро рафъ менамудааст. Гарди зумуррадро афзояндаи қувваи босира шумуда, хокаи онро ба чашм мемолидаанд. Барои муолиҷаи шахси моргазида хокаи зумурради омехта бо шир истифода мешудааст. Санги кабуди осмонии фирӯзаро санги оварандаи бахту зафар ва пирӯзӣ ном мебаранд. Ба ақиқ чун қавикунандаи муҳаббат ва нерӯбахшандаи нури чашм эътиқод доштаанд. Масъули ягона фурӯшгоҳи корхонаи коркарди лаъли Бадахшон дар Хоруғ Худодод Музаффаров иброз дошт, агарчӣ доир ба хусусиятҳои сангҳои қимматбаҳо дар китобҳои зиёд навишта шудааст, аммо муаллифи китоби "Сангҳои Гаронбаҳои Бадахшон" Назардод Ҷонбобоев танҳо ба хусусиятҳои сангҳои минтақа таваҷҷӯҳ кардааст.

Назардод Ҷонбобоев мегӯяд, ӯ мутахассиси сангшинос нест, аммо шавқу рағбат ба соҳаи сангшиносӣ ва алоқамандии ӯ ба ин мавзӯъ ӯро водор кардааст, барои дӯстдорони зебоӣ ва сангҳои асил чунин раҳнаморо пешкаш намояд.
XS
SM
MD
LG