Пайвандҳои дастрасӣ

Австрия ва Тоҷикистон ҷӯёи роҳҳои тақвияти тиҷорат миёни ҳам


Дар нахуст нишасти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия доир ба равобити иқтисодӣ, роҳҳои густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Равобити тиҷориву иқтисодии ду кишвар соли 1994 баъд аз имзои шартномаи байнидавлатӣ доир ба табодули мол ва ҳамкориҳои тиҷорӣ оғоз ёфтааст.

Аммо Маъруф Сайфиев - муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфт, то кунун равобити иқтисодии миёни ду кишвар ба худ шакли васеъу гуногунҷабҳаро нагирифтааст: «Бо гузашти 13 сол аз имзои созишномаи мазкур миёни ду кишвар ҳамкориҳое дар ин самт сурат гирифтаанд , вале аз назари мо мизони ин ҳамкориҳо ҳанӯз ҳам ба сатҳи матлуб нарасидааст. Мо мехоҳем, тарҳҳои созишнома дар бораи ҷалбу ташвиқи сармояи хориҷӣ, худдорӣ аз молиётситонии дуҷониба ва тарҳи созишнома доир ба ҷаҳонгардиро барои рушди равобити тарафайн асос қарор бидиҳем. Ин созишномаҳо метавонанд, ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар мусоидат намоянд.»

Йоҳан Закс - муовини вазири иқтисоди Австрия гуфт, ҷониби Австрия мувофиқ аст, то қарорододҳои ҷудогона барои ҷалби сармоя ва аз байн бурдани молиётситонии дутарафа ба имзо расанд. Вале ӯ афзуд, имзои қарордод доир ба ҷаҳонгардиро миёни ду кишвар нолозим медонад: «Банди панҷи созишномаи байнидавлатӣ миёни Австрияву Тоҷикистон соҳаи ҷаҳонгардиро низ дар бар мегирад. Аз сӯи дигар бар асоси омори расмӣ, дар соли 2005 танҳо 13 нафар шаҳрванди Австрия бо ин ҳадаф ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Аз Тоҷикистон бошад дар ин давра 23 нафар ба Австрия рафтаанд.»

Муборакшоҳ Махшулов - раиси идораи сиёсати хориҷии вазорати иқтисоди Тоҷикистон гуфт, беш 80 дарсади содироти кунунии Тоҷикистон ба Австрияро ашёи хом, аниқтараш пахта ва алюминюм ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки афзуд оғои Махшулов, тарафайн барои густариши ҳамкориҳо имконоти фаровон доранд: "Мо метавонем, бо ёрии сармоягузорони Австрия коркарди пахтаро дар дохили Тоҷикистон ба роҳ монем."

Аммо Йоҳан Закс, муовини вазири иқтисоди Австрия иброз дошт, Тоҷикистону Австрия метавонанд, дар заминаҳои дигар аз қабили эҳдоси нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ва нури офтоб ҳамкорӣ намоянд. Дар нишасти Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Австрия ҳамчунин зикр шуд, ки то кунун дар Тоҷикистон панҷ корхонаи муштарак бо ширкати сармоягузорони австриягӣ сабти ном шудааст, вале дар ҳоли ҳозир на ҳамаи онҳо фаъоланд.

Ханс Клаус - намояндаи тиҷории Австрия дар Тоҷикистон бо ишора ба ин мавзӯъ мегӯяд: «Дар шимоли Тоҷикистон мо бо ҳамтоёни тоҷики худ дар заминаи истихроҷи газ ба кор шурӯъ намуда будем. Вале бо баҳонаи он ки масаъалаи сармоягузорӣ аз ҷониби мо ба кундӣ ҳал мегардад, корхонаи муштараки мо то кунун дар вилояти Суғд бо иқтидори пурра наметавонад, фаъолияташро пеш барад. Акнун ҷониби Австрия танҳо дар сурати гирифтани салоҳияти пурраи назорат бар фаъолияти корхонаи муштарак ба идомаи ҳамкорӣ розӣ аст.»

Бар асоси омори вазорати иқтисоди Тоҷикистон, табодули мол миёни Австрия ва Тоҷикистон дар чор моҳи соли 2005-ум 7 миллион доларри амрикоиро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG