Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои шумо ба Радиои Озодӣ


Salom Ozodi .Avvalhoi mohi may ba hodisahoi soli 1996-i viloyati Sugd 9 sol pur meshavad. Khub meshud in hodisa tahqiqot va barrasi shavad.
Bo ehtirom Ilhom. Shahri Istaravshan.


Барои банда гузоришҳо доир ба муҳоҷирати иҷбории ҳамватанон, буду боши эшон, инъикоси воқеии нақзи ҳуқуқи онҳо дар хориҷи кишвар, масоили сиёсати Тоҷикистон - баҳсҳои таҳлилӣ оид ба дурнамои рушди соҳоти гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин мавзӯъҳои иҷтимоию амнияти кишвар ҷолибанд.
Хилватшоҳи Маҳмуд


Дуруд ва саломи худро ба ҳама дастандаркорони Радиои Озодӣ арз менамоям. Ва инро гуфтаниям, ки ман яке аз мухлисони ҳамешагии барномаҳои ҷолиби шумо мебошам.
Имрӯз дар сайти шумо гузориши ҷолиберо дар мавзӯи инқилоб офтобро монад мутолиа кардам ва муттаасифам ки фурсат набуд, ки ман ҳам пиромуни ин мавзӯъ сухане чанд арз кунам.
Ман шахсан аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин барномаро вусъат бахшида, мавзӯҳои мухталиф ва муттанавеъро дар хидмати баҳс ва фикрронии мухлисони Радиои Озодӣ гузоред.
Бо камоли эҳтиром
Мухлиси шумо аз шаҳри Душанбе


Salom! Man ayake az mukhlisoni radioi shumo hastam va baroi man khele ma'kul ast. Baroyaton muvaffaqiyat mekhoham. Man mekhostam shumo taronai "Guzashtai"- i khonandai eroni Moeinro peshkash kuned.
Bo ehtirom Firdavs


Салому дуруд ба коркунони Радиои Озодй. Дар яке аз гузоришои худ пиромуни боздиди вазири маорифи Точикистон аз донишгоххо ва карори тоза оид ба донишчуёни бекитобу бедафтар харф зада будед. Дуруст кайд карда шуд, ки донишчуёни имруз ба хотири гирифтани диплом тахсил доранд. (На хама албатта)
Ва мешаванд лахазот, ки хохишмандони асосй берун аз дархои донишгох мемонанд. Барои бартараф кардани ин мушкил хуб мешуд, агар адади донишчуни кабулшаванда махдуд карда шавад. Мисол ба чойи ба як кафедра кабул кардани 50 нафар, 10 нафар донишчуи хакикатан арзандаро гирифтан бехтар аст. Он гох хеч масъалае оид ба китобу дафтар шояд намонад. Ба омузгорон хам осонтар хохад шуд. Хайр хуш бимонед.
Як нафар шунавандаи доимии шумо - Ахмад Козиев аз шахри Исфара.


Ташаккур барои номаҳо. Радиои Озодӣ мунтазири номаҳои нав ба нави ҳар яки шумо аст.
XS
SM
MD
LG