Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хезед Русия равед, мешинед чашмаки ман, чашмаки ту карда."


«Ҳа, хезед Россия равед, чӣ акун мешинед чашмаки ман чашмаки ту карда? Э занак ман куҷою россияравӣ куҷо? На ҳунар дорам,на роҳу равиши кора донам.
Ҳама инами ранги ту галу будан, неки рафта омадан бало шидан, акун ёфти баҳоната.,
О наметавонам, Россия ин тамоман мулки дигар, забонаш дигар, урфу одаташ дигар. Ман ба ғайр аз каландзанӣ дигар ҳунаре надорам, дар умрам аз ҳамин қишлоқи худамон берун набаромадаам, ҳатто Душанберо ҳам надидаам.»


Ин порае аз филми кӯтоҳмуддат, бо номи «Муҳоҷират» аст, ки барои нахустин бор тариқи ТВТ -телевизиони тоҷик намоиш дода шуд. Дар он аз ҳаёти як муҳоҷири тоҷик, ки мушкилиҳои зиндагӣ ва таънаҳои ҳамарӯзаи ҳамсараш ӯро бе ягон иттилооти зарурӣ ба Русия мебарад, қисса мешавад. Ин филм аз силсиланамоишҳо дар мавзӯъҳои марбут ба мардикориву муҳоҷират аст, ки аз ин ба баъд тариқи телевизиони тоҷик намоиш дода хоҳад шуд. Ин силсиланамоишҳоро Созмони Байналмилалии Кор ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои муҳоҷирони корӣ таҳия кардаанд, ки он дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Мубориза алайҳи тиҷорати инсон ва оқибатҳои он дар шакли меҳнати маҷбурӣ»-и Созмони Байналилалии Кор гузаронида мешавад.

Ҷамшед Қуддусов намояндаи ин созмон зарурати гузаронидани чунин чорабиниҳои тарғиботиро тариқи телевизион чунин шарҳ дод:
«Дар Тоҷикистон аллакай якчанд ташкилоте ҳаст, ки ба дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирон машғуланд ва таввасути интишори ҳар гуна варақаҳо ба онҳо иттилоот медиҳанд ва аммо ин нокофӣ аст. Бояд барои муҳоҷирон ва ё хоҳишмандони муҳоҷират бо дигар воситаҳо низ корҳои тарғиботӣ гузаронид.»

Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, намоишномаҳои мазкур бар асоси ҳаёту рӯзгори воқеии мардикорони тоҷик таҳия шудаанд ва мӯҳтавои онҳо метавонад: ба мардум то андозае роҳҳои дурусти сафарро нишон диҳад. Ин намоишномаҳо ба гуфтаи ӯ шояд муҳоҷиронро водор ба он хоҳад кард, ки достони талхи зиндагии бархе аз ҳамватанони худро дида аз рафтори онҳо парҳез кунанд. Дар мисоли ин як нафар, ки баъди 4 соли мардикорӣ марди хона бе ягон даромад ба назди олиааш бармегардад ва ҳатто фарзандонаш ӯро намешиносанд.

«Бахти гумгаштаам омад.
Омадам занак.
Оча и кияй? Меҳмонай?
Отаҳактонай, хезен, қчоқуш кнен.»


Дар намоишномаҳо аксаран ҳунармандони ҷавони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон нақш бозидаанд. Ғоиб Исломов ҳунарманди ин театр мегӯяд, мавзӯъро мо бояд барвақт тариқи радио ва телевизион тарғиб мекардем, зеро ин аз воситаҳои муаасири омӯзишӣ барои мардум аст: «Аз шунидамон, дидамон ҳис мекунем, ки ниҳоят заруранд ин намоишномаҳо ва ба мавриданд.»

Фиттаҳои ин намоишномаҳо ҳамчун як воситаи омӯзишӣ ба тамоми хоҳишмандон ройгон дода мешавад. Ҳамчунин таваҷҷӯҳи асосӣ ба паҳн кардани фиттаҳо миёни талабаҳои синфҳои болоии мактабҳои миёна ва ба ин тариқ омӯзиш додани онҳо мебошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG