Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъикоси боздошти Искандаров дар расонаҳои Русия


Дар ҳоле, ки аксари расонаҳои гурӯҳии Русия хабар медиҳанд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо кӯмаки нирӯои амниятии Русия ба Душанбе интиқол шудааст, намояндаи расмии Хадамоти амниятии Русия аз тавзеҳи ин хабарҳо худдорӣ мекунад.
Аз дафтари матбуоти Хадамоти Амнияти Федералии Русия дар посух ба дархости Радиои Озодӣ дар Маскав гуфтанд, ки дар ин робита ҳеҷ гуна баёнияе интишор накардаанд ва ташреҳи ахбори ғайрирасмиро маҷоз намедонанд. Ин дар ҳолест, ки радиои "Эхо Москвы" хабар дод, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия бо кӯмаки хадамоти вижаи Русия рабуда шудааст.
Рӯзномаи «Время Новостей», чопи Маскав менависад, Искандаров ба Душанбе аз фурудгоҳи шаҳри Чкаловски вилояти Маскав бо ҳавопаймои низомӣ интиқол шудааст. Рӯзнома меафзояд, қабл аз интиқоли Искандаров ба ватан Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои тоҷики худ Раҳмонов тамоси телефонӣ доштааст. Ҳамин хабарро рӯзномаи "Коммерсант" ҳам таъйид мекунад. "Коммерсант" бо танз навиштааст, ки раиси ҳизби мухолифи тоҷик хеле дур аз маконе ёфт шуд, ки гум шуда буд. Рӯзнома сабаби боздошт ва истирдоди мармузи Искандаровро ба қаробатҳои ахири Маскаву Душанбе ва интихоботи президентии соли оянда дар Тоҷикистон рабт медиҳад.
Вале шореҳи сиёсии рус Михайил Зигар гуфтааст, ҳамакнун ояндаи Тоҷикистон барои Маскав аз даст рафт. Вай афзудааст, то рӯзҳои ахир оппозитсияи тоҷик мӯътадилу дунявӣ буд ва беш аз дигарон рӯ ба Маскав дошт, вале аз ин ба баъд самти худро тағйир хоҳад дод.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG