Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон


Султони Ҳамад

Сафари расмии серӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Афғонистон рӯзи чоршанбе 27 апрел дар қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон аз мулоқот бо раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай оғоз шуд. Пас аз дидор Ҳомид Карзай ва Эмомалй Раҳмонов дар ҳузури хабарнигорон ба тафоҳумнома дар бораи ҳамсоягии нек имзо гузоштанд ва баъдан вазирони умури хориҷаи ҳарду кишвар Талбак Назаров ва доктор Абдулло санадҳои рафъи мушкилот дар додани раводид, ёддошти тафоҳум миёни ин вазоратхонаҳоро имзо карданд.
Ҳамчунин намояндагони ҳар ду кишвар мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва ҷиноёти созмонёфта, дар бораи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва техника, дар соҳаи энержиро имзо карданд.Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба кишварашро гоми муҳиме дар рушду инкишофи муносибатҳои дуҷониба донист.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов низ дар нишасти матбуотӣ бар аҳамияти мулоқотҳояш бо раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид варзид: "Мавзӯъи муҳимтарини дидорҳо дарёфт ва корбурди роҳҳову василаҳои муассири густаришу таҳкими равобити ду кишвари дӯст ва ҳамсоя буд. Ҳар ду ҷониб мувофиқанд, ки аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек, бунёди равобити мустаҳками дӯстона, ҳамкории васеъ ва фарогири мутақобилан судманд ва шарикии минтақавӣ ва байналмилалиро дар таъмини субот ва амният гузошт."
Баъди нисфирӯзӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Донишгоҳи Кобул бо зиёиён ва фарҳангиён мулоқот намуда, сипас бо шоҳи собиқ Муҳаммад Зоҳиршоҳ дидор кард. Дар ин вохӯрӣ Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Эмомалӣ Раҳмонов нишонаи "Аҳмадшоҳи Масъуд"-ро ҳамчун рамзи сипос аз мардуми афғон супорид.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG