Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саъйи вакили дифоъи Искандаров барои дидор бо ӯ


Ширинмоҳ Ибронова ба ҳайси вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи вазорати амният нигаҳдорӣ мешавад, аз тарафи наздикони ӯ баргузида шудааст. Хонум Ибронова дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ сар аз рӯзи 26 апрел ба ифои ин масъулият шурӯъ кардааст, вале то кунун натавонистааст, бо мақомоти тафтишотӣ ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мулоқот кунад.
Вакили дифои раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон афзуд, ба муҷарради дидор бо нафари зери ҳимояташ қазияи боздошти асроромез, чӣ гуна дар куҷо ва бо кадом роҳ аз Маскав вориди Тоҷикистон шуданашро ҷӯё хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Абдусамӣ Додобоев - муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон иддаои вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мабнӣ ба пайдо накардани масъулини мақомоти тафтишотиро бепоя хонда, ҳамзамон таъкид кард, бозрасии қазияи Искандаров зери назари бевоситаи додситони кулл ҷараён дорад.
Аммо ба таъйиди Ширинмоҳ Ибронова вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дар ин соҳа собиқаи дусолаи корӣ доштааст, дар додситонӣ гуфтаанд, бо оғози тафтиши парвандаи ҷиноии Искандаров иҷозаи мулоқот бо ӯро дарёфт хоҳад кард. Аммо бар асоси қонунҳои Тоҷикистон барои таъмини нафари боздоштшуда бо вакили мудофиа тайи 24 соати баъдӣ давлат масъул мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG