Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби Қонуни мубориза бо фасод


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни нави мубориза бо коррупсия, ё фасодро ба тасвиб расонд, зеро ба гуфтаи додситони кулл Бобоҷон Бобохонов қонуни пешинаи мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон, ки соли 1999 қабул шуда буд, ба муборизаи муассир бо ин падида дар шароити феълӣ муосидат намекард.
Бобоҷон Бобохонов, ки тарҳи қонунро барои маҷлис муарифӣ мекард, гуфт, ин тарҳ ба назардошти тағйироти воридшуда ба Қонуни Асосӣ ва талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ таҳия гаштааст: "Дар ин қонун бори аввал моддае барои ҷавобгарӣ барои қабули қонунҳои коррупсионӣ ворид шудааст."
Дар ҳамин ҳол Абдусаттор Раҷабов - муовини раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва дифоъи маҷлис дар мавриди такмили қонун, ҷанбаҳои мутафовити он аз қонуни қаблӣ гуфт: "Тибқи ин қонун метавон афроди хориҷӣ ва созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро, ки дар фасодкорӣ муттаҳам мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашид. Қонуни нав ҳамчунин ба Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, вазоратҳои ҳолатҳои фавқуллода иҷоза медиҳад, ба зидди фасодкорӣ мубориза кунанд."
Дар қонуни нави мубориза бо фасодкорӣ дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки худи мафҳуми коррупсия таъриф шудааст. Аз замони шӯравӣ то кунун низ коррупсия умдатан ба маънои ришвахорӣ маҳдуд буд ва қавонини шӯравӣ низ бар ҳамин мабно мубориза бо ин зуҳуротро пешбинӣ мекард. Вале тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа як таърифи амиқ ва фарогиртаре аз коррупсияро медиҳад, ки дар қонуни нав низ ҷой дорад. Ва ришвахорӣ низ ҷузъи муҳиме аз коррупсия, ё фасод дониста шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG