Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Волгоград дар қиболи қотилони муҳоҷирони тоҷику узбак


Додгоҳи вилояти Волгогради Русия рӯзи сешанбе дар иҷлоси пушти дарҳои бастааш 7 ҷавони русро дар куштори ду муҳоҷири узбак ва як мардикори тоҷик мазнун дониста онҳоро аз 4 то 10 сол ҳукми зиндон додааст. Бар асоси қарори ҳайъати мунсифаи додгоҳ, нафари ҳаштуми муттаҳам дар ин ҷиноят аз сӯи додгоҳ сафед карда шуд.

Ин гуруҳ, ки ба як созмони миллатгарои маҳаллӣ нисбат дода мешавад, куштори шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Сангаков ва ду ҳамроҳи узбаки ӯро дар моҳи октябри соли 2002 содир карда буд.

Дар маҷмӯъ бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят 11 нафарро ба масъулият кашида буданд, вале баъдан тафтишот алайҳи 8 нафари онҳо бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ боз карда, се нафари дигарро бо ҷурми авбошӣ тибқи қонунгузории маъмурии Русия ба ҷавобгарӣ кашид.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG