Пайвандҳои дастрасӣ

Гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷиаи Чернобил


Бунёди байналмилалии "Экосан" мақараш дар Тошканд бо баргузории як нишаст аз фоҷиаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ёдоварй кард, ки 19 сол қабл рух дода буд. Ба гуфтаи раиси ин бунёд Юсуфҷон Шодиматов, дар рафъи оқибатҳои фоҷиаи Чернобил аз кишварҳои Осиёи Марказй ҳазорҳо нафар ширкат кардаанд, ки садҳо нафари онҳо даргузаштаанд ва аксарияти бартарафкунандагони оқибатҳои ин ҳодиса бо бемориҳои мухталиф гирифторанд.
Аз Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Чернобил беш аз 4 ҳазор нафар ширкат кардаанд, ки ҳудуди 200 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.
Оқои Шодиматов ҳамчунин гуфт, хатари 23 партобгоҳҳои маводи радиоактивӣ канораҳои рӯди Майлисуви Қирғизистон низ ба муҳити зисти минтақа рӯ ба афзоиш дорад. Гуфта шуд, пайваста оби рӯди Майлисув партобаҳоро ба рӯди Сир мебарад ва ҳамингуна оби олуда ба баҳри Арал мерезад. Юсуфҷон Шодиматов вазъи экологии водии Фарғонаро, ки хонаи нӯҳ миллион нафар аст, ногувор арзёбӣ кард. Юсуф Шодиматов изҳор кард, вазъи экологии ҷануби Узбакистонро Корхонаи алюминии Тоҷикистон бо хатар мувоҷеҳ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон бо тавсиъаи ин корхона мехоҳад, истеҳсоли алюминро афзун намояд. Вай лабрезшавии кӯли Сарези Тоҷикистонро низ барои мардуми минтақа басо нигаронкунанда арзёбӣ кард.
Мирасрори Фарғонӣ, Тошканд
XS
SM
MD
LG