Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмонов аз Кобул шурӯъ мешавад


Султони Ҳамад

Дар Кобул пойтахти Афғонистон омодагиҳо ба сафари расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба ин кишвар поён ёфт. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов, ки барои таҳияи ин сафар дар раъси як ҳайъат ба Кобул омада буд, иттилоъ дод.
Дар бораи барномаи нахустин сафари расмии раҳбари Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсояаш, ки 27 апрел шурӯъ мешавад, Салоҳиддин Насриддинов гуфт: "Президент Раҳмонов бо Ҳомиди Карзай ва шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ мулоқот мекунад. Ҳамчунин қарор аст, ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кобул бо зиёиёну олимони афғон мулоқот кунад."
Ва аммо ҷониби Афғонистон аз ин сафар чӣ интизориҳое доранд? Навид Аҳмад Муйиз, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: "Мо фикр мекунем, ки ин сафари раиси давлати Тоҷикистон ба Афғонистон ба хотири таҳкими равобити дӯстонаву бародарона байни ду кишвар хеле муҳим мебошад. Қарор аст мувофиқатномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳоти энержӣ, истирдоди ҷинояткорон, ҳамлу нақл ба имзо бирасад."
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Афғонистон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар панҷ вазир ва дигар мақомоти олирутба ҳамроҳӣ мекунанд.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG