Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бехабарии мақомоти Русия аз сарнавишти Искандаров


Додгоҳи ноҳияи Бабушкини шаҳри Маскав, ки рӯзи чоруми апрели соли равон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистонро аз боздоштгоҳи муваққат озод карда буд, дар бораи истирдоди вай ба Тоҷикистон ибрози бехабарӣ мекунад. Аз котиботи додгоҳ ба Радиои Озодӣ дар Маскав гуфтанд, аз сарнавишти Искандаров дар рӯзҳои ахир хабар надоранд.
Додситони кулли Русия Владимир Устинов рӯзи 20 апрел дар Душанбе гуфта буд, Искандаров аз боздоштгоҳи муваққати Русия қонунӣ озод шудааст. Ба гуфтаи Елена Рябинина, коршиноси умури паноҳандагон дар созмони «Мусоидати шаҳрвандӣ» дар ҳоле, ки Искандаров аз Русия мақоми паноҳандагӣ дархост кардааст, ҳамроҳ бо ариза, шиносномаи худро ҳам месупорад.
Ба вай санади таъйидкунандаи ҳуввият дода мешавад. Ва табиист, ки Искандаров бо ин санад чипта харида наметавонад ва ҳам бидуни шиноснома наметавонад аз марз убур намояд. Ба гуфтаи хонум Рябина, ин воқеъият далолат мекунад, ки Искандаров аз сӯи нирӯҳои амниятии Тоҷикистон рабуда шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG