Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон эълон кард, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ), ки гуфта мешуд, дар Маскав нопадид шудааст, боздошт шудааст. Оқои Бобохонов, ки рӯзи сешанбе зимни як нишасти хабарӣ, гуфт: "Ман якчанд маротиба гуфта будам, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров чанд ҷинояти вазнин кардагӣ ҳаст ва дар кофтуков аст. Ман гуфта будам, ки мо ҷустӯҷӯи ӯро қатъ накардем, вай имрӯз аст, фардо аст, дастгир мешавад ва дар назди қонун ҷавоб мегӯяд. Дар ҳақиқат Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дастгир шуд, ӯ ҳоло дар маҳбасхона аст ва тафтишот идома дорад."

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат бо дархости додситонии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2004 дар Маскав боздошт шуд, вале чоруми апрел ба сурати ғайримунтазира аз боздошт раҳо гашт ва мақомоти додситонии Русия гуфтанд, ба далели он ки Искандаров дархости паноҳандагӣ кардаст, истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ғайримумкин аст.
Оқои Искандаров баъд аз озодӣ дар наздикии Маскав пойтахти Русия ба сар мебурд, вале дар таърихи 14 апрел, яъне бо гузашти даҳ рӯз аз озодиаш ба иддаои наздикони Искандаров, ӯ нопадид шудааст. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Искандаров дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст, аммо дар мавриди маҳал ва наҳваи боздошти Искандаров тавзеҳи мушаххасе надод.
Вале ба гуфтаи бархе манобеъ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар таърихи якшанбеи 17-уми апрел аз Маскав ба Душанбе мунтақил шудааст.
Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Валиев муовини раиси ҲДТ дар робита ба боздошти раиси ин ҳизб гуфт: "Имрӯз аз тарафи хешовандони Искандаров адвокат гирифта шудааст ва адвокат аз пайи дуруст кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ аст. Баъд аз вохӯрии адвокат бо Искандаров Ҳизби Демократи Тоҷикистон фикр мекунам, ягон иқдом мегирад, раёсати ҳизб ҷамъ мешавад ва ягон вокунише нишон медиҳад."

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони пешини нирӯҳои мухолифи давлат дар соли 1999 ба унвони раиси ҲДТ интихоб шуд. Ӯ тибқи саҳмияи сӣ дар садии мухолифон вориди давлат шуд ва дар мақоми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, раиси идораи хадамоти шаҳрӣ ва раиси ширкати "Тоҷикгаз" кор кардааст. Равобити генерал Искандаров бо мақомот замоне ба куллӣ тира шуд, ки ӯ ҳамапурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосиро, ки ба раиси ҷумҳур иҷоза медиҳад, ду даъфаи дигар номзади раёсати ҷумҳурӣ бошад дар тобистони соли 2003-юм таҳрим кард. Муҳаммадрузӣ Искандаров баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳи Маскав низ дар сӯҳбат бо расонаҳо хостори як растохези мардумӣ дар Тоҷикистон ба манзури табдили қудрати сиёсӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG