Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқоти донишҷӯёни тоҷик


Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар дуввумин cпартакиада ва ё мусобиқоти донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 60-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон, ки дар пойтахти ин кишвар ҷараён дорад, мақоми аввалро ишғол мекунад. Ин даста дар се риштаи варзиш - вазнбардорӣ, гӯштии миллӣ ва гӯштии озод баъди натиҷагирии ду рӯзи аввали рақобатҳо соҳиби 13 медал, аз ҷумла 8 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ шуд. Дастаи дуввуми Душанбе бо 11 медал дар ҷойи дуввум ва дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо 10 медал дар ҷойи севвум қарор доранд.
Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи варзиши шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мусобиқоти ҷумҳуриявии донишҷӯён беш аз 500 нафар намояндаи макотиби олии пойтахти Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар рақобатҳои футболи хурд низ дастаи аввали Душанбе бо 6 хол дар садри ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» қарор дорад. Дар гурӯҳи «Б» дастаи дуввуми Душанбе ва тими донишҷӯёни минтақаи Кӯлоб, ки ҳар кадом сехолӣ гирифтаанд, пешсаф мебошанд. Рӯзи сешанбе мусобиқоти сангбардорӣ ва варзиши сабук оғоз ёфт. Бисту ҳафтуми апрел рақобатҳои гӯштии дзюдо, юнону румӣ ва ё фарҳангӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG