Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавиштҳои талхи қурбониёни қочоқбарони инсон


Оилаи серфарзанди деҳотӣ, марди оила се сол боз дар Русия аст ва на маблағе ва на аз худ дараке намедиҳад. Зан солрафта аст, касбе ва қудрате барои кор надорад. Оила аз лиҳози молӣ дар ҳоли сангин қарор дорад. Ҷавондухтари қадраси оила таъмини додаракону хоҳаракон ва модари беморашро вазифаи худ медонад вале намедонад ки чӣ кор кунад. Дар ин миён, ҳамсоязани тоҷир, ки ба Дубай рафтуо дорад, ба ин оилаи бесарвар, аниқтараш ба духтари қадраси оила дасти кӯмаки худро дароз мекунад.

Қиссагӯи қисмати ин ҷавондухтари деҳотӣ Нигина Муҳаммадҷонова - масъули дафтари Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, пас аз он ки онҳо ба Дубай мерасанд, асноди духтараки соддаи деҳотиро аз дасташ мегиранд ва ба танфурӯшияш водор месозанд.

Бону Нигина дар дафтари тоҷикистонии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират масъули барномаи траффик аст ва ӯ мегӯяд, аксари духтарони траффикшуда ҳамагӣ як тақдир доранд. Оилаи фақир, мӯҳтоҷӣ, фиребзадагӣ...

Танҳо дар се моҳи аввали соли равон Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз беш аз сӣ ҷавонзани тоҷики траффикшудаи дигар хабардор шудааст. Синну солашон аз бист то сӣ, аксари куллашон дар Иморот будаанд ва теъдоди камеашон дар Туркия. Саид Ҷӯрақулов - садри бахши мубориза бар зидди одамфурӯшии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд:

«Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ дар давоми се моҳи гузашта аз тарафи ин раёсат, аз тарафи дигар мақомот 18 факти фурӯши одамон ба қайд гирифта шуд. Ин рақам дар давоми соли 2004 ҳамагӣ 24 ҷиноятро ташкил медод.»

Ҷаноби Ҷӯрақулов мегӯяд, дар ҳашт ҳодисаи одамфурӯшӣ дар соли равон як гурӯҳи муташаккил даст доштааст. Аксар вақт қурбони гурӯҳҳои муташаккили одамфурӯш ҷавондухтароне мегарданд, ки таҳсилоти олӣ надоштаанду дар вазъи мушкили моддӣ қарор доштанд. Талоши бештари даллолу одамфурӯшону траффикёрҳо барои фиреби духтарони бокира будааст. Нигина Муҳаммадҷонова:

«Ин ба ҳама маълум аст, ки духтари издивоҷнакарда қиматтар меистад, пули зиёд меистад. Аз ин одамҷаллобон истифода мебаранд. Барои он ки як маблағи калоне якбора ба даст меоранд онҳо. Ҳатто шудааст, ки як духтарро то ҳафт ҳазор то даҳ ҳазор доллар мефурӯшанд.»

Дар сурати сарпечӣ аз танфурӯшӣ ва ё кӯшиши фирор духтарон ҷазои сахт дода мешаванд, ҳатто қатл низ мешаванд. Аз Нигина Муҳаммадҷонова пурсидам, ки оё аз қатл шудани ягон духтари траффикшудаи тоҷик хабар доранд ё на?

«Дар бораи духтарони тоҷик мо инхел ҳодисаҳо намедонем. Лекин дар бораи дигар духтароне, ки аз Русия буданду аз Молдова, Украина ин хел ҳодисаҳо ҳастанд. Вақте духтарон розӣ намешаванд(ба танфурӯшӣ), аз гапи онҳо (соҳибонашон) мебароянд ё гурехтанӣ мешаванд, ин хел духтаронро дар пеши чашми дигар духтарон, ба мо гуфтанд, онҳоро ҳатто мекушанд, то ки дигарон тарсанд.»

Танҳо роҳи халосии ин духтарон дар кӯмаки эҳтимолии ягон ба истилоҳ мизоҷи дилсӯз ё ба дасти пулис афтодану депортатсия шудан будааст. Вале пас аз бозгашт дар ватан онҳоро боз қашшоқӣ ва нигоҳҳои каҷу нафратомези ҳамсояҳо интизор аст.
XS
SM
MD
LG