Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёқуб Салимов ба 15 соли зиндон маҳкум шуд


Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 25 апрел бо ҳукми Додгоҳи Олии ин кишвар ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон имрӯз ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Ёқуб Салимов дар хиёнат ба ватан, сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба думбол доштааст гунаҳкор дониста шуд. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин ин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум шудааст ва баъди адои ҳукми зиндон низ то панҷ соли дигар ҳаққи фаъолият кадом мансаби давлатӣ, аз ҷумла низомиро надорад.
Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури ин кишвар дар соли 1992 нақши зиёд доштааст. Соли 1997 Ёқуб Салимов бо шариконаш дар Тоҷикистон ба зидди нерӯҳои давлатӣ ошӯб бардошт, аммо саркӯб шуда, ба хориҷа фирор кард.
Ӯро соли 2003 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав Тоҷикистон боздошт карда ва соли 2004 ба Душанбе истирдод намуданд. Додситонии Тоҷикистон ӯро дар бандитизм, ҷиноятҳои вазнин, хиёнат ба ватан, сӯистифода аз мансаб ва ҳифзу тиҷорати силоҳ муттаҳам мекард.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG