Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МУҲАММАДРӮЗӢ ИСКАНДАРОВ БОЗДОШТ ШУДААСТ


Додситони Кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов имрӯз, 26 апрел дар шаҳри Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раиси Ҳизби Демократи ин кишвар боздошт шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи муваққати вазорати амният нигоҳ дошта мешавад.
Бобоҷон Бобохонов доир ба ҷузъиёти боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров тафсилоте надодааст ва танҳо ҳаминро гуфтааст, ки ӯ рӯзи 22 апрел дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз мақомоти интизомии ин кишвар тақозо кард, барои рӯшан кардани сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки аз нимаи моҳи апрел дар шаҳри Маскав бедарак шуда буд, иқдом кунанд.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки раиси собиқи ширкати "Тоҷикгаз" буд, додситонии Тоҷикистон дар сӯистифода аз мансаб, терроризм муттаҳам мекунад. Бо дархости ин додситонӣ раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав боздошт шуд ва баъдан Додситонии Кулли Русия изҳор дошт, ки бинобар дархости паноҳандагӣ кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз мақомоти ин кишвар ӯро ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим нахоҳад кард. Муҳаммдрӯзӣ Искандаров рӯзи 4-уми апрел аз маҳбаси Маскав раҳо шуд ва 11 рӯз баъд аз назди иқоматгоҳи худ дар наздикиҳои ин шаҳр нопадид гардид. Ва акнун маълум нест, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров чӣ гуна ба Тоҷикистон истирдод ва дастгир шудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG