Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани се кӯдак дар асари таркиши мина дар Қалъаисурхи Рашт


Таркиши минаи зиддинафар дар шарқи Тоҷикистон мунҷар ба захмӣ шудани се кӯдак - Фатҳуддини 13-сола, Салими 8-сола ва Муҳаммадалии 6-сола аз як хонаводаи Саймуддиновҳо дар рустои Қалъаисурхи ноҳияи Рашт шудааст. Ин се кӯдак ҳангоми ҳезумчинӣ ба мина бархӯрда, ҷароҳатҳои вахим мебардоранд ва феълан дар бемористони ноҳия таҳти муолиҷа қарор доранд.

Маркази миллии миначинии Тоҷикистон ба ношири ин хабар, хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки дар майдонҳои дар замони ҷанги дохилӣ минакоришуда дар манотиқи шарқи кишвар то кунун 30 нафар таркида, аз онҳо 21 нафар кушта шудааст. Бино ба омори ин марказ, дар маҷмӯъ дар майдонҳои минакоришудаи дохил ва марзҳои Тоҷикистон дар зарфи 13 соли гузашта 239 нафар ба ҳалокат расидааст. Танҳо аз аввали соли ҷорӣ дар минаҳои марзи Узбакистон 4 сокини вилояти Суғди Тоҷикистон кушта шуда ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG