Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Нуриддини Ҷарронӣ ва намоиши "Мавлоно ва Шамс"


Театри Лоҳутӣ баъди 12 соли таваққуф дубора дар пеши тамошобинон бо нахустнамоиши "Тахти Султон Маҳмуд", ки ба қалами Шодӣ Солеҳ тааллуқ дорад, зоҳир шуд. Ин намоиш шояд нахустин талош барои инъикоси воқеъиятҳои даврони баъд аз ҷанги дохилии Тоҷикистон дар саҳнаҳои театрии кишвар бошад ва аз рӯзгори як ронандаи собиқи трактор қисса мекунад, ки талотуми ҳодисот вайро ба сари қудрат дар як минтақа овардааст.

Ва ӯ хешу табори худро дар атрофи худ гирд оварда, тахти султон Маҳмуди Ғазнавиро ба курсии раёсаташ табдил медиҳад ва ба хотири нигоҳ доштани мақом тайёр аст ба ҳар кори шоиставу ношоиста даст занад.

Ва аммо сӯҳбати маҳфилҳои театрӣ ва умуман аҳли зиёи пойтахти Тоҷикистон дар ин рӯзҳо бештар аз як намоиши дигар бо номи "Мавлоно ва Шамс" аст, ки Нуриддини Ҷарронӣ дар саҳнаи театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид гузоштааст.

"Мавлоно ва Шамс", албатта, нахустин ва ё танҳо руҷӯъи театрҳои Тоҷикистон ба осори Мавлавӣ нест.
Аммо ин намоиш чунон ҳангомае ба по кардааст, ки ҳатто Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруф ва саркоргардони театри "Аҳорун" ба думбол ба саҳнаи театри ҷавонон баланд шуда ва дар таҳсин ба кори Нуриддини Ҷаррронӣ гуфтааст, "Мавлоно ва Шамс" намоише буд, ки бояд ман рӯи саҳна мегузоштам.
Раҳматкарими Давлат Нуриддини Ҷаррониро қаҳрамони ҳафта баргузида, ба пойи сӯҳбати ӯ нишаст.

Сӯҳбати Нуриддини Ҷаррониро аз зери ин хати сабз пайдо хоҳед кард
XS
SM
MD
LG