Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи интихоботи такрорӣ ба маҷлисҳои маҳаллии Суғд


Охирин ду курсии вакилӣ ба маҷлисҳои маҳаллии вилояти Суғдро дар интихоботи такрорӣ дар ҳавзаҳои Мастчоҳу Ашт номзадҳои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиб шуданд. Интихоботи такрорӣ барои вакилии Маҷлиси вилоятӣ дар ҳавзаи рақами 51-и ноҳияи Мастчоҳ бидуни алтернатив сурат гирифт. Бино ба хабарҳои расида, аз ин маҳал, довталаби ягона, Сафар Сафаров, ки аз Ҳизби Халқӣ - Демократӣ намояндагӣ мекунад, дар интихоботи такрорӣ бештари орои овоздиҳандагонро касб кардааст. Сафар Сафаров феълан дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд адои вазифа мекунад.

Дар ҳавзаи рақами 51- и Мастчоҳ моҳи гузашта ду навбат номзадҳои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Халқӣ -Демократии Тоҷикистон: Ҷумъабой Боқиев ва Ҳабибулло Улмасов вориди саҳнаи талош барои курсии вакилӣ дар Маҷлиси вилоятӣ гашта буданд. Аммо натиҷаи ниҳоии раъйдиҳӣ ба далели ҷой доштани қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ аз ҷониби Комиссияи интихоботии Суғд бекор дониста шуда буд. Дар пайи он бахши маҳаллии Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки номзади худро пирӯз ва қарори комиссияи марказиро нодуруст меҳисобид, аз иштирок дар интихоботи такрорӣ даст кашид.

Ва аммо тибқи хабари маркази интихоботии Ашт, дар ин маҳал намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Халқӣ - Демократӣ барои соҳиб шудан ба курсии вакилии маҷлиси маҳаллӣ то охир талош кардаанд. Дар интихоботи такрории рӯзи 25 апрел Шокирҷон Раҳимов - намояндаи ҳизби ҳоким ва муовини сардухтури ноҳия тақрибан 56 дар сад ва Рустам Эшматов - номзад аз Ҳизби Наҳзат, узви раёсати бахши суғдии ин ҳизб 45 дар сади овози раъйдиҳандагонро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG