Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар садади тасвиби муоҳидаи Киото


Тоҷикистон қасд дорад, то охири соли равон ба муоҳадаи Киото бипайвандад. Ин хабар зимни нишасте эълон шуд, ки бо пуштибонии молии барномаи Иттиҳодияи Аврупо ТАСИС дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кор кард ва то 30-уми апрел идома хоҳад ёфт.
Лилия Завялова, коршиноси минтақавии барномаи ТАСИС дар робита ба Радиои Озодӣ гуфт, 126 кишвари ҷаҳон, бо шумули иддае аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба муоҳадаи Киото ҳамроҳ шудаанд. Ба гуфтаи хонум Завялова, дар сурати шомил шудан ба ин муоҳада Тоҷикистон метавонад аз назари молӣ манфиати зиёд бинад.
Ӯ ҳамчунин афзуд: "Вақти он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим таваҷҷӯҳ зоҳир намояд, зеро тағйирёбии обу ҳаво ё гармшавии сартосарӣ мушкилоти як, ё ду кишвари Осиёи Марказӣ нест ва метавонад, вазъи экологии тамоми минтақа ва ҷаҳонро ногувор созад."
Дар ҳамин ҳол Илҳом Раҷабов сардори Маркази ҷумҳуриявии таъғирёбии иқлими Тоҷикистон гуфт, пайвастан ба муоҳадаи Киото имкон медиҳад, тағйирёбии иқлим дар ин кишвар бо кӯмаки мутахассисони байналмилалӣ омӯхта шавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG