Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи спартакиадаи донишҷӯёни тоҷик


Спартакиада ва ё мусобиқоти донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон бо ширкати 8 дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти мухтори Бадахшон дар пойтахти ин кишвар оғоз шуд. Донишҷӯён дар 11 риштаи варзиш то 25-уми апрел рақобат хоҳанд кард. Нахуст рақобатҳои баскетболу волейбол ва вазнбардорӣ баргузор гардид. Рӯзи душанбе мусобиқаи гӯштии озод, гӯштии миллӣ ва бокс шурӯъ шуд. Дар айни ҳол дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе бо 5 медал, 2 медали тилло ва 3 медали нуқра мақоми аввалро ишғол мекунад.
Ва дигар ин ки се дидори даври сеюми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расид. "Хуҷанд"-и Хуҷанд бар ССКА-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1, "Вахш"-и Қӯрғонтеппа бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «ХИМА»-и Душанбе бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи якхелаи 2 бар 0 ғалаба карданд. Танҳо дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд.
СКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ «Данғара»-и Данғараро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. Бозии «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Ба ин тартиб се даста "Хуҷанд", "Вахш" ва "Регар-ТадАЗ" ,ки ҳафтхолӣ доранд,аз рӯи таносуби тӯбҳо дар ҷадвали мусобиқот мутаносибан дар се мақоми аввал қарор гирифтаанд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG