Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳизби Демократ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон


Мақомоти Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз таъхири ҷониби Русия ва созмонҳои байналмилалӣ дар посухи тақозои ин ҳизб роҷеъ ба рӯшанӣ андохтан ба қазияи нопадид шудани Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ин ҳизб дар шаҳри Маскав изҳори нигаронӣ кардаанд.
Раҳматулло Валиев муовини раиси Ҳизби Демократ ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун аз мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ дархост кардааст, ки дар дар ҳалли ин қазия муосидат кунанд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди иттиҳомоти эълоншуда ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба сарнавишти ӯ бетавофут нахоҳад буд ва барои рӯшан кардани сарнавишти раиси Ҳизби Демократ иқдом хоҳад кард.
Оғои Валиев ҳамчунин афзуд, дар дидоре, ки рӯзи 25 апрел бо намояндаи сафорати Русия дар Душанбе доштааст, ин масъаларо матраҳ кардааст, вале ба гуфтаи ӯ, намояндаи сафорати Русия низ дар ин маврид иттилое дар даст надоштааст.
Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар моҳи декабр дар Маскав боздошт шуд, дар таърихи 4 апрел аз боздоштгоҳи муваққати ин шаҳр раҳо шуд ва дар наздикии ҳамин шаҳр ба сар мебурд. Вале ба гуфтаи наздикон ва ҳамсафони Искандаров, ӯ аз таърихи 14 апрел то кунун бедарак аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG