Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни хурдсоли беандешагиҳои бузургсолон


Маҳмадалии шашсола, Салими ҳафтсола ва Фахриддини сенздаҳсола, се бародарон аз оилаи Саймуддиновҳо аз ҷамоаи Қалъаи Сурхи деҳаи Чорчароғ, ноҳияи Рашт, рӯзи бисту чоруми апрел ба мисли дигар рӯзҳо ба ҳезумчинӣ рафтанд ва соати тахминан шаши бегоҳ дар дурии ду километр аз деҳаашон дар мина таркиданд. Ҳарсе ҳоло дар беморхонаи ноҳия хобидаанд. Ҷамила Тиллоева, масъули вазорати ҳолоти изтирории Тоҷикистон дар мавриди вазъи ин се бародар гуфт:

«На он қадар хатарнок аст ҳолашон. Ба мо фақат маълумот расидааст, ки онҳо ҳоло дар табобатгоҳи ноҳияи Рашт муолиҷа меёбанд, дар кадом вазъ буданашон мо ҳанӯз маълумот надорем.»

Аз соли 1992 бад ин сӯ минаҳои дар хоки Тоҷикистон кошташуда ҷони 239 нафарро рабуданд ва 229 тоҷикистонии дигарро маҷрӯҳ карданд. Парвиз Мавлонқулов - ноибраиси маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, аксаран кӯдакон ва ҷавонон қурбони минаҳо гардидаанд:

«Маҷрӯҳшудаҳо 62 нафарашон кӯдак ва 31 нафарашон занон мебошанд. Аз кушташудаҳо 59 нафар кӯдак ва 23 нафарашон занон мебошанд.»

Муовини сардори маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, хоки ин кишварро дар сарҳадоташ бо Ӯзбакистон ҷумҳурии ҳамсоя ва дар сарҳад бо Афғонистон ҳукумати Шӯравӣ минкорӣ кардааст. Ва аммо дар водии Рашт дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мина кошта шудааст. Макон ва шумори минаҳо дақиқан маълум нест, хисороти аниқи инфиҷорҳои минаҳо ба бороварда низ. Парвиз Мавлонқулов:

«Мо то ҳол намедонем, ба чӣ қадар оила ва ба кадом андоза аз тарафи минаҳо зарар расонида шудааст.»

Аз рӯи як барномаи бунёди Швейтсарӣ то имрӯз танҳо дар Тавилдара ду қитъа ва дар Қумсангир як қитъа аз минҳо тоза карда шудааст. Корҳои тадқиқотӣ дар шарқ ва шимоли Тоҷикистон идома дорад, мегӯяд Парвиз Мавлонқулов ва ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, чунин корҳо имсол дар манотиқи сарҳадии ноҳияи Турсунзода ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвозу Рӯшони вилояти Бадахшон шурӯъ шавад. Вале барчидани минаҳо дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбакистон то замони ба мувофақае расидани ду кишвари ҳамсоя ва дақиқ сохтани ҳудуди ин ҷумҳуриҳо имконнопазир мебошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG