Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори нигаронии вакилони Ғаффор Мирзоев аз рафтори додситонӣ


Ҳайъати вакилони дифоъи генерал Ғаффор Мирзоев - раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурии ин кишвар аз маҳдудият ва ба гуфтаи онҳо, ҷилавгирии мақомоти тафтишотӣ ҷиҳати мулоқот бо вай изҳори нигаронӣ мекунанд.
Қаюм Юсуфов - яке аз аъзои ҳайъати панҷнафараи вакилони мудофеи Ғаффор Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ибтидои моҳи равон то ба имрӯз масъулини Додситонии низомии Тоҷикистон, ки бозрасии парвандаи генерали муттаҳамро пеш мебаранд, бидуни иттилоъ намегузоранд, мулоқоти ӯ бо вакилони мудофиааш сурат бигирад.
Қаюм Юсуфов афзуд, додситонӣ тибқи қонун муваззаф аст, бо ирсоли нома ба боздоштгоҳи муваққати вазорати амният, ки Ғаффор Мирзоев дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, кафолати шароити мулоқоти бидуни дахолат ва бемаҳдудиятро бидиҳад.
Аммо бо гузашти беш аз нӯҳ моҳ аз замони боздошти Ғаффор Мирзоев, афзуд оқои Юсуфов, Додситонии низомӣ ҳеҷ гуна нома унвонии вазорати амният нафиристода ва гузашта аз ин то ба ҳоли ҳозир ягон маротиба вукалои дифои Ғаффор Мирзоев натавонистаанд, бо ӯ мулоқоти бидуни ҳузури муфаттиш дошта бошанд.
Аммо Манучеҳр Нуров - сардори раёсати тафтишоти ҷиноёти махсусан хавфноки Додситонии низомии Тоҷикистон, ки масъулияти таҳқиқи қазияи Ғаффор Мирзоевро ба ӯҳда дорад, иддаои вукалои дифоъро бепоя хонда, гуфт, раванди тафтишоти ин қазия ба ҳоли таълиқ оварда шуда, вале бо идомаи пурсиш вакилони Ғаффор Мирзоев даъват хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи вукалои дифои Ғаффор Мирзоев, бо гузоштани лавҳи комилан махфӣ дар ин парванда Валерий Голубев як вакили дифои ӯ аз шаҳри Маскав бинобар табааи кишвари хориҷӣ буданаш аз ширкат дар ҷараёни тафтишот маҳрум шудааст. Додситонии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоевро дар сӯистифода аз мансаб, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, фасодкорӣ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG