Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд


Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ки як сафари панҷрӯзаро дар Эрон анҷом дод, бо ҳамтои эронии худ Алии Шамхонӣ ёддошти тафоҳумро дар бобати густариши ҳамкориҳои ҳарбии байни ду кишвар ба имзо расонд. Ин санад, ба иттилоъи хабаргузории расмии Эрон - ИРНО афзоиши ҳамкориҳои ду кишварро дар риштаҳои фаннӣ ва таълими ҳарбӣ дар назар дорад. Хайруллоев дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоташ бо президенти Эрон Муҳаммади Хотамӣ ҳамчунин масъалаи узвияти эҳтимолии Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шангҳай баррасӣ шудааст.
Тибқи он, Эрон розӣ шудааст, мутахассисони ҳарбии Тоҷикистонро барои таҳсил ва бозомӯзӣ қабул кунад. Бо ишора ба ин санад ва ба сафари охири худ ба Боку, Шамхонӣ гуфт, мақсади Эрон бунёди чораҳои эътимод дар минтақа аст. Хайруллоев, ки бо як ҳайъати низомиёни тоҷик аз чанд пойгоҳ ва таълимгоҳҳо дидан кард, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чанд соли охир аз лиҳози фаннӣ пешрафти ҷиддӣ кардааст. Сафари Хайруллоев ба Эрон дар ҷавоби сафари Шамхонӣ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли равон ба амал омад.
XS
SM
MD
LG