Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рассомони навраси тоҷик ба кӯмаки осебдидагон мешитобанд


Кӯҳсорон. Табиати зебои Вилояти Бадахшон. Деҳае дар ин мавзеъ бо омадани сел дар ҳоли харобшавӣ қарор дорад. Манзилҳои нимшуставу харобгардида, одамон дар тарсу ҳарос барои раҳоӣ ёфтан аз ин офат ба ҳар сӯ мешитобанд. Дар ин миён зани ҳомиладоре дар даст тифли гирён ва аз ақиб чанд кӯдаки дигараш барои худ аз об паноҳгоҳ меҷӯяд. Сел бо шиддат одамонро ба коми худ мекашаду бархи боқимонда намедонанд ба куҷо раванд ва чӣ тавр худро эмин нигаҳ доранд.

Ин тасвири нигораест, ки ки дар озмуни «Рассоми наврас» пирӯз шуд. Озмун бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар мавзӯъи омодагии аҳолӣ дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ гузаронида шуда буд ва ахиран он натиҷагирӣ шуд.

Камолиддин Каримов - сухангӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Аз мобайни 133 расме, ки пешниҳод шуда буд, чор тоаш ғолиб дониста шуданд. Ҷои аввал ва сеюм сазовори хонандагони вилояти Суғд ва ҷои дуввум ва чорум сазовори хонандагони мактабҳои вилояти Бадахшон гардиданд.»

Тибқи шартҳои озмуни «Рассоми наврас» хонандагон бояд дар расмҳои пешниҳодкардаи худ дар баробари нишон додани офатҳои табиӣ боз роҳҳои муҳофизат намудани худ ва дигаронро аз зарари ин офот тасвир мекарданд. Камол Каримов мегӯяд, имрӯз аксари мардум аз муҳофизати худ дар чунин ҳолатҳо иттилоъи кофӣ надоранд ва ба хусус барои хонандагон ин озмун хеле муфид хоҳад буд.

Ба Сайф Раҳматшоев хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи рақами 9 вилояти Бадахшон ва яке аз ғолибони озмуни рассомони беҳтарин занг задам. Сайф мегӯяд: «Ман хеле шодам, ки ҷои дуввумро гирифтам. Расми ман аз он иборат аст, ки дар чунин ҳолатҳо ба мӯҳтоҷон ёрӣ расонидан, яъне дар натиҷаи офатҳои табиӣ мардум бояд ба ҳамдигар ёрдам кунанд.»

Аммо дигар ҳамсоли Сайф то чӣ андоза дар ин маврид иттилоъ доранд?

«Агар масалан заминҷунбӣ шавад, барои худамона халос кардан даррав аз хона ба кӯча мебароем.»

«Заминҷунбӣ ягон чӣ шавад, ман намедонам чӣ кор мекунам, худма халос карда наметавонам.»

«Ман медонам, ки чӣ кардан даркор, масалан дарахти баланд бароӣ мешавад. Дарахт набошад агар ягон бинои ё ҷои баланд мебароем, ки аз об халос шавем.»

Бо мақсади боло бардоштани дониши мардум ва ба онхо омӯхтани роҳҳои ҳифзи худ дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар расмҳои ғолиби озмунро дар шакли плакатҳои калон дар миёни аҳолӣ паҳн месозад ва ғолибони онро низ мукофотҳо интизоранд.
XS
SM
MD
LG