Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили зодрӯзи Ленин дар Кӯлоб


Ленин ҳамеша зиндааст! Бо ҳамин шиору овеза Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб як гирдиҳамоӣ доир кард ва бо гузоштани гулчанбари бузург зери пояи ҳайкали Ленин аз 135-умин солгарди зодрӯзи доҳии худ ҷашн гирифт.Комунистон, ки рӯзи ҷумъаи 22 апрел дар назди пайкараи Ленин, воқеъ дар боғи фароғатии шаҳр гирд омаданд, дар рӯзи зодрӯзи доҳӣ аз хатти маши ҳукумат дар робита ба пайкарабарандозиҳои Ленин ва доҳиёни дигари коммунист изҳори нигаронӣ карданд.
Гуфтанист, ки дар Кулоб тамоми ҳайкалҳои доҳии собиқро баркандаанд. Комунистон мегӯянд, ин пайкараи охирини доҳист ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузоранд, ки ҳамин ҳайкал ҳам сарнагун гардад. Амиршоҳи Холиқ, ёвари раиси Ҳизби Коммунист дар Кулоб мегӯяд: «Ин охирин ҳайкали доҳӣ аст ва ман шахсан барои ҳамин ҳайкал ҷанг мекунам, худамро фидо мекунам, ки онро накананд. Ман ду рӯз шуд омада, гирду атрофи ҳайкали Ленинро бо собуну айна шуста тоза кардаам ва намегузорам, ки ба ин ҳайкал касе даст расонад!»
Шариф Сафаров, садри комунистони минтақаи Кулоб дар гирдиҳамоӣ гуфт, ки аъзои ҳизб бо шумули 12.000 нафар аз маъракаҳои сиёсии ахири порлумонӣ низ норизоанд ва коммунистон интихоботи ахири ба порлумони кишварро ноодилона ва ғайридемократӣ арзёбӣ кардаанд.
Коммунистон барои баргузории маъракаи гулгузорӣ ва таҷлили зодрӯзи Ленин аз ҳукумат иҷозат нахостаанд, зеро ба гуфтаи Шариф Сафаров солҳои қаблӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таҷлили расмӣ аз зодрӯзи Ленин ба коммунистон иҷозат надодаанд.
Сайёфи Мизроб, Кӯлоб
XS
SM
MD
LG