Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бисту якуми апрел Бонки Ҷаҳонӣ 10 миллион доллар барои рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт ихтисос дод. Дар изҳороти бонки мазкур омадааст, ин маблағ барои хусусӣ кардани замин сарф хоҳад шуд ва ҳадафи он аслан ҷалби бештари аҳолӣ ба воҳидҳои хусусии кишоварзӣ мебошад.
Тибқи барномаи хусусӣ кардани замин, ки бо кӯмаки ин бонк анҷом мегирад, 75 ҳазор хонавода соҳиби замин ва сертификати моликияти замин хоҳанд шуд. Дар 36 ноҳия 75 дарсади аҳолӣ бо қонунҳои моликият, тарзи истифодаи самарбахши замин ва идораи замини хусусӣ ошно мешаванд.
Барои дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 10 ҳазор ҳектор замин, ҷӯй ва каналҳои обёрӣ сохта мешавад. Дастикам 120 ассосиатсияи кишоварзии масрафкунандагони об ташкил хоҳад шуд ва баргузории 36 давраи омӯзишӣ барои кишоварзон дар маҳалҳо дар чаҳорчӯбаи ин барнома дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG