Пайвандҳои дастрасӣ

Толиб Шаҳидӣ дар садади нашри китоби нав


"Рондои сарнавишт" - дар китобе бо ин унвон, ки рӯзҳои наздик дар Маскав нашр мешавад, оҳангсози маъруфи тоҷик Толиб Шаҳидӣ ёддоштҳои ҷолиберо аз рӯзгори худ ва дӯстону ҳампешагонаш қисса мекунад ва оид ба мусиқии муосиру классикӣ ва мусиқии бостонии тоҷикон андешаҳое ҷамъу парокандаро рӯи варақ мерезад.
Дар китоби "Рондои сарнавишт" аз таърихи пайдоиши бархе таронаву оҳангҳои миёни мардум машҳур низ ёд мешавад ва тавре Толиб Шаҳидӣ дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Ганҷина" изҳор кард, аксҳои зиёд ва номаву санадҳое низ дар саҳифаҳои он ҷой шудаанд. Устод Толиб Шаҳидӣ афзуд, як бахши китоб аз ёддоштҳо дар бораи падараш -оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ мураттаб шудааст.
Хотираҳои Толиб Шаҳидӣ
Устод Толиб Шаҳидӣ дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки китоби "Рондои сарнавишт" аввалҳои моҳи май дар Маскав ва баъдан дар Душанбе муаррифӣ хоҳад шуд. То муаррифии китоб дар пойтахти Тоҷикистон, дар Олмон, дар консерваторияи Карлсруен маҳфили мусиқии Толиб Шаҳидӣ баргузор мешавад, ки дар он оҳангсоз алоқамандони санъатро, аз ҷумла, бо мусиқии мардумии тоҷикон ошно хоҳад кард. Дар поёни маҳфил аз рӯи асарҳои солҳои гуногун офаридаи Толиб Шаҳидӣ консерт доир мегардад.
XS
SM
MD
LG