Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи бекорон дар вилояти Суғд кам шудааст?


Маркази шуғли аҳолии Суғд мегӯяд, дар қаламрави вилоят беш аз 30 ҳазор нафар расман ба сифати бекор сабти ном шудаанд, аммо шумораи ҷоӣҳои холии корӣ дар муқобили бекорон тахминан даҳ баробар кам аст. Абдуҷамил Сатторов - сарвари маркази шуғли аҳолии Суғд, гуфт, феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои бекорон беш аз сею ним ҳазор ҳазор ҷоӣҳои кории холӣ пешниҳод шудааст, ки маоши миёнаи онҳо камтар аз 50 сомонӣ мебошад.
Ба гуфтаи Абдуҷамил Сатторов, омори расмӣ теъдоди умумии бекоронро дар вилояти Суғд дақиқ нишон намедиҳад. Коршиносони маҳаллӣ шумораи воқеии бекоронро дар вилояти Суғдро на камтар аз 300 ҳазор медонанд.

Аз Абдуҷамил Сатторов - сарвари Маркази шуғли аҳолии Суғд пурсидам, чаро бекорон ба хотири ҷустуҷӯи ҷои кор ба идораҳои онҳо кам муроҷиат мекунанд ва мардикорӣ дар дохил ва хориҷи кишварро бартар медонанд? Вай гуфт: «Ҷойҳои холии корие, ки имрӯз ба бекорон пешкаш кардаем, ба сабаби камии маош талаботи онҳоро қонеъ намегардонад. Бинобар онҳо ба мардикорӣ рӯ меоранд ва бо ин роҳ маблағҳои калонтар ба даст меоваранд.»

Маркази шуғли аҳолии Суғд барои бекороне, ки расман ба қайд гирифтааст, дар муддати то шаш моҳ кӯмакпулии баробар ба ними маоши миёнаи ахири онҳо пардохт мекунад. Бархе аз бекорони расмӣ ба омӯзиши касбҳои нав ва корҳои мавсимӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин марказҳои шуғли аҳолӣ дар тамоми шаҳру навоҳии Суғд ба хотири коҳиши теъдоди бекорон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG