Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози анҷумани расонаҳои хабарии Авруосиё дар Алмаато


Нурсултон Назарбоев - расонаҳои хабариро қабл аз ҳама василаи тавозуни нерӯҳо дар ҷамъият, иқтисод ва соҳибкорӣ номид. Сарвари Қазоқистон рӯзи 21 апрел дар Алмаато ҳангоми суханрониаш дар расми оғози чаҳорумин медиа-форум ва ё анҷумани расонаҳои хабарии Авруосиё бо ибрози ин нукта афзуд, ки кишвараш ба рушди демократия ва озодии баён таваҷҷӯҳи зиёд медиҳад. Ба гуфтаи оқои Назарбоев, алъон дар Қазоқистон беш аз 2 ҳазор расонаҳои хабарӣ фаъолият доранд ва 80 дарсади онҳо ғайридавлатианд.

Дар робита ба инқилобҳои рангин, ки дар қаламрави шӯравии пешин рух додаанд, Нурсултон Назарбоев изҳор кард, ки дар пиёдасозии он нерӯҳои хориҷӣ даст надоранд: "Мо омилҳои амиқи ин рӯйдодҳоро хуб медонем. Ва ин омилҳо на танҳо дар тавтиаи афсонавори нерӯҳои хориҷӣ ниҳонанд, балки онҳо аз дараҷаи рушди дохилии кишварҳо сар задаанд." Раиси ҷумҳури Қазоқистон бенавоӣ ва бекориро, ки аз адами стротежии рушд ва натиҷаи ниҳоии ислоҳоти иқтисодӣ ба вуҷуд омадаанд, воситаи асосии норизоии мардум аз ҳокимият донист.

Дар ҳамин ҳол Дариға Назарбоева - раиси кумитаи созмондеҳи анҷумани расонаҳои хабарии Авруосиё аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки расонаҳои хабарӣ ҳарчӣ бештар дар судури демократия истифода мегарданд. Хонум Назарбоева чунин меҳисобад, ки дар ин кор кишварҳое, ки худро донорҳои сиёсӣ медонанд, даст доранд.
Ба анҷумани чаҳоруми расонаҳои хабарии Авруосиё Кофи Аннан - дабири кули Созмони Милали Муттаҳид, Яаап де Ҳооп Схеффер - дабири кулли НАТО паёми шодбош фиристоданд. Ҳамчунин дар анҷуман Григорий Рапота - дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодии Авруосиё паёмҳои шодбоши Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия ва Созмони Ҳамкории Авруосиёро қироат намуд, ки дар онҳо аҳамияти вижаи расонаҳои хабарӣ дар мубориза алайҳи бунёдгароӣ, терроризм ва соири хатарҳои мавҷуда таъкид шудааст.

Анҷумани чаҳоруми расонаҳои хабарии Авруосиё, ки дар он анқариб 300 нафар намояндагон аз 35 кишвари дунё ширкат доранд, то 23 апрел идома хоҳад кард. Ширкатдорони анҷуман тайи се рӯз масоили нақши рӯзноманигорон дар инъикоси фоҷиаи Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ, қонунгузорӣ дар бахши расонаҳои хабарӣ, терроризм ва ҳамчунин падидаи инқилобҳои рангин дар маҳдудаи шӯравии пешинро баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG