Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду афсар бо иттиҳоми ришвахорӣ


Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ин авохир ду кормандони мақомоти интизомии вилоят бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудаанд. Абдулло Давлатов, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи фасодкории додситонии вилояти Хатлон гуфт, Раҳматулло Муддинов, роҳбари дафтари арзёбии тиббии додгоҳӣ ё экспертизаи судӣ-тиббии Хатлон ҷиҳати муоинаи тиббӣ ва таъйиди ҷароҳат дар ҷисми падару ҳамсари Аъзамҷон Мавлонов, як сокини ноҳияи Колхозобод, ки дар як моҷарои ҳамсоягӣаш захм бардоштаанд, аз ӯ 200 сомонӣ ришва ситонидааст.
Сардори шӯъбаи мубориза бо фасодкории додситонии Хатлон афзуд, ба дунболи ин ҳамчунин як корманди шӯъбаи вазорати дохилаи ноҳияи Шаҳритус барои ришваситонӣ ба маблағи 612 сомонӣ, муодили 200 доллар аз боздошт шуд, ки тафтиши қазияааш идома дорад. Баҳром Қушоков, муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур барои сабук нишон додани ҷинояти содирнамудаи як нафар, аз бародари ӯ 200 доллари амрикоӣ талаб кардааст.
Барот Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG