Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Русия: "Раҳоии Искандаров қонунӣ буд."


Владимир Устинов - додситони кулли Русия раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққати Маскав дар авоили моҳи ҷориро, ки Бобоҷон Бобохонов ҳамтои тоҷики ӯ иштибоҳи ҷониби Русия меҳисобад, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонини кишвараш арзёбӣ кард. Вай ҳангоми нишасти матбуотӣ пас аз хатми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, ки дар Душанбе доир шуд, гуфт, қарор дар мавриди раҳоии Искандаров мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонини Русия қабул шуда ва посухгӯи ҳама талаботи ин қавонин мебошад.
Аммо Владимир Устинов ҳеҷ тавзеҳе дар робита ба иллати нопадид шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав надод. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини додситонии кулли Тоҷикистон бо исрор аз хабарнигорон дархост мекарданд, қазияи Искандаров матраҳ нашавад.
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, ки зери раҳбарии додситони кулли Русия баргузор гардид, масоили ҳамкорӣ миёни мақомоти тафтишотӣ, ҳимояи ҳуқуқии атбои ин кишварҳо ҳангоми иқомат дар қаламрави якдигар, равобити ниҳодҳои додситонии кишварҳои узв дар мубориза муқобили қочоқи маводи мухаддир баррасӣ шудааст.
Владимир Устинов - додситони кулли Русия дар мавриди сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти тафтишотии Русия ва Тоҷикистон гуфт, ки он аз равобит бо дигар кишварҳои муштаракулманофеъ фарқе надорад. Вай бидуни он ки тавзеҳи бештаре бидиҳад, гуфт, на ҳама вақт назари тарафҳо ба ҳам мувофиқат мекунад, вале таъкид кард, ки хостори ҳамкории густарда дар ин замина мебошад. Дар хатми ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози додситонҳои кулли кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ як созишнома дар бораи ҳамкории муассисоти таълимӣ ва таҳқиқотӣ ба имзо расид.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG