Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбнома ба қотилони муҳоҷири тоҷик


Додгоҳи вилояти Волгогради Русия ба як гурӯҳи сартарошидаҳои рус, ки дар қатли як муҳоҷири тоҷик ва ду муҳоҷири кории узбак муттаҳам мешаванд, айбнома эълон кард. Муҳокимаи ин гурӯҳ аз соли 2003 инҷониб идома дорад ва рӯзи 20 апрел бояд ҳукми аъзои ин гурӯҳ эълон мешуд, аммо бинобар ҳузур надоштани яке аз вакилони дифоъи айбдоршавандаҳо эълони ҳукм ба таъхир гузошта шудааст.
Гурӯҳи иборат аз ҳашт нафар дар куштори Иброҳим Қурбонов муҳоҷири узбак дар соли 2002, ҳамватани ӯ Муҳаммад Қутлимуродов ва шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Сангаков муттаҳам дониста шудаанд. Ба навиштаи рӯзномаи "Известия", чопи Маскав, сартарошидаҳо Аҳмад Сангаковро дар маркази Волгоград бо қубурҳои оҳанин ва чӯби бейсбол кӯфта, ба ҳалокат расонидаанд.
Чаҳор нафар аз аъзои ин гурӯҳ, ки ба гуфтаи додситон Константин Фёдоров, пайваста дар шаҳр амалиётҳои ба истилоҳ "поккорӣ аз хориҷиён" доир мекардаанд, донишҷӯёнанд. Агарчӣ додрасҳо тамоми аъзои гурӯҳро дар қатли муҳоҷирон айбдор медонанд, аммо вакилони дифоъ гуфтаанд, ки афроди таҳти ҳимояти онҳо бегуноҳ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG