Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Як гурӯҳи мусаллаҳи афғон, ки дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад, шаби гузашта бо оташфишонӣ аз силоҳҳои мухталиф ба сӯи як гурӯҳи 150 нафарии полиси афғон онҳоро маҷбур ба ақибнишинӣ кардааст. Майор Муҳаммаднабӣ Баён ба хабаргузории "Ассосишиэйтед Пресс" гуфтааст, ин ҳодиса дар деҳаи Чергоншаҳри вилояти Бадахшони Афғонистон, ки яке аз мавзеъҳои аслии тавлиди маводи мухаддир ба ҳисоб меравад, рух додааст.
Полис маҳалли гурӯҳи мусаллаҳро муҳосира карда ва аз аъзои он хостааст, ки силоҳи худро супурда ва ба тиҷорати маводи мухаддир хотима гузоранд. Аммо ба гуфтаи Муҳаммаднабӣ Баён, 250 фарди мусаллаҳ ба сӯи кормандони полис бо силоҳҳои автоматӣ оташ кушода ва онҳоро ба ақибнишинӣ ба деҳаи Обгандаи ноҳияи Шаҳри Бузург водор кардаанд. Оташфишониҳои пароканда дар ин мавзеъ ду рӯз давом кардааст ва мақомот мегӯянд, сокинони маҳаллӣ аз ин ҷо гурехтаанд. То кунун доир ба талафот аз ҳар ду тараф гузорише нарасидааст.
XS
SM
MD
LG