Пайвандҳои дастрасӣ

Посбонони бемор ва дардманди сарҳадоти Тоҷикистон


Кулоб

Ахиран авоили моҳи апрел додситони кулл расман ба бемористони амрози сили водии Кулоб муроҷиат карда, дархост намуд, ки перомуни вазъи ҳифзи сиҳҳати сарбозон ва фарогиршавии марази сил дар қисматҳои низомии мустақар дар мавзеъ як гузориш омода кунад.
Аҳмадхон Олимов, мудири шӯъбаи табобатии беморхонаи сили Кӯлоб мегӯяд: "Ахбор аз прокуратураи генералӣ ба мо омад, ки шумораи аскарони маризро муайян муайян кунед, ки онҳо то аскарӣ касал будаанд ва ё баъди армия бемор шудаанд."

Духтур Олимов меафзояд, тӯли се моҳи ахир дар ҳамин беморхона 12 тан аз сарбозони қисматҳои низомӣ бистарӣ будаанд, ки аксарияти кули эшон дар артиш мубтало ба ин мараз шудаанд. Ва аммо Ҷӯрахон Исмоилов сардухтури бемористони амрози сили минтақаи Кӯлоб мегӯяд, сабаби аслии хуруҷи беморӣ дар артиш ба хӯроквории сарбозон ва маишати онҳо бастагӣ дорад.

Тибқи иттилоъи расмӣ бештари маризони сил аз қисмҳои ҳарбии 2133 ва 2931 Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Точикистон мустақар дар Шурообод будаанд. Ва аммо вазъ дар ин қисмҳои низомӣ чигуна аст? Барои ошноӣ бо вазъ бо чанд тан аз асокири мариз, ки дар ҳифзи сарҳадоти ватан дар мавзеъи Шӯрообод будаанд, мусоҳиб шудем. Муайян гардид, ки асокири мариз аз манотиқи мухталифи Тоҷикистонанд, ки зимни хидмати сарбозӣ бемор шудаанд.

Фазлиддин Раҷабов, аскари қаторӣ, сокини ноҳияи Ҷомии Қӯрғонтеппа аст, ки дар қисмати низомии 2931 мариз шудааст: "Ман се моҳ хизмат кардам, баъд касал шудам, се моҳ дар госпитал хоб будам, ҳозир дар ин ҷо хобам."

Дороб Раҳимшоев, сокини ноҳияи Рӯшон ва ҳамсафи Фазлиддин мегӯяд, ӯ низ солим ба артиш омада, дар ҳамин қисми низомӣ мариз шудааст. Ва аммо ба иттилоъи мусоҳибони ман ҳарчанд ки онҳо моҳи саввум аст, бистарианд, дар баробари афсарон, волидайн низ аз ҳоли онҳо воқиф нестанд.

Сарбозони мариз бо истифода аз фурсат хостанд, ки тавассути Радиои Озодӣ ба волидайн паём фиристанд: "Аз номи ман, Доробшо ба модарам Некбахт Мирзоева аз ноҳияи Ишкошим, кишлоқи Баҳош саломи гарму ҷӯшон. Модар ман дар Кӯлобам, зиндаам!!"

"Ман ба падару модарам аз деҳаи Фермаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ дуруду саломи бепоён мефиристам."

Иззатулло Исмоилов сокини шаҳри Кӯлоб ҳини хизмати сарбозӣ дар қисми ҳарбии 2849 қӯшунҳои марзбонӣ мустақар дар ноҳияи Турсунзода мубтало ба сил гардид. Иззатулло тақрибан қаҳрамон аст, падари ӯ мегӯяд, қабл аз маризӣ Изаттулло аз дасти генерал Абдураҳмон Азимов - фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ, барои шуҷоат медал гирифтааст.Ва аммо шаш моҳ аст, ки аз ҳоли Иззатуллои қаҳрамон касе хабар намегирад.

Ва аммо Қиёмиддин Муродов, сокини хоҷагии Синои Восеъ мегӯяд, дар бархе маврид, ҷавонони мариз, ки аз деҳоти мавзеъи хатар тариқи зӯр ба аскарӣ мераванд, сабаби фарогиршавии сил дар артиш шудаанд: "Тавассути облава ба армия бурдани ҷавонони маризи деҳаи мо, ки дар навбати худ дигар аскарҳои бечораро касал мекунанд, як хиёнат ба артиши миллист, ки аз сӯи кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ роиҷ аст."

Саъбагул Қодирова, сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, фарзанди маризи ӯро тариқи облава ба артиш бурдаанд. Се моҳ баъд ӯ бо ташхиси сили шаддид ба хона баргаштааст. Қиёмиддин Муродов мегӯяд, ҳадди ақал 7 ҷавони мариз аз ҳамин деҳаи онҳо дар артиш хизмат доранд, ки сабаби авҷи сил дар қисмҳои ниозмӣ мешаванд.
Расулова Гулбаҳор сокини дигари Учқун меафзояд: "Писари маро соли 2003 аз комиссяи ҳарбӣ касал гуфта ҷавоб доду як сол пас дар роҳи мактабаш дошта, бе ягон комиссия аскарӣ бурданд. Ҳозир се моҳ аст, ки дар госпитал касал хоб аст. Отаи бечораш тамоми пасандози хонаводаро сари ҳамон писар зада, ӯро табобат мекунад."

Волидайни сарбозони мариз бар назаранд, ки замони ахир ба артиш фарзандони мардуми нодор даъват мешаванд. Иброҳим Исмоилов падари як сарбози мариз мегӯяд: "Манро бигузор бурда парронанд, аммо ман ҳақиқатро мегуям: дар армия ягон писари бою сарватманд, хӯҷаинону курсинишинон нестанд! Бовар накунед, биравед, тафтиш кунед! Армия барои камбағалову камбизоат шудаст, ки оқибаташ ана ҳамин касалҳоянд."

Ин иддаоро полковник Аскаршоҳ Демпанаев, комиссари низомии Кӯлоб таъйид кард. Аммо ӯ гуфт, ки фарзандони сарватмандон усулан дар донишгоҳҳо мехонанд ва тибқи қонун аз хидмати сарбозӣ озоданд: "Чӣ илоҷ, фарзандони сарватмандону соҳибмансабон дар мактабҳои олии кишвар мехонанд ва то анҷоми таҳсил дар ҳимояи қонун ҳастанд."
Ин дар мавридест, ки дар минтақа даъвати баҳорӣ ва дар ин зимн облава, ё худ боздошти кӯчагӣ ва аз тариқи зӯр ба артиш бурдани ҷавонон бе ҳузури комиссияи тиббӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG