Пайвандҳои дастрасӣ

"Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ" дар Душанбе


Кулоб

Баъд аз танаффуси ҳудудан 12-сола Театри Давлатии Драмавии Лоҳутӣ дубора дарҳои худро ба рӯи тамошобин боз кард. Рӯзи шанбе бо нахустнамоиши расмии "Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ" ҳунармандони театр пешорӯи мухлисини худ бозомаданд.

Намоишномаи "Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ" як асари мазҳака ва зодаи тахайюули Шодӣ Солеҳов, ҳунарманди саршиноси тоҷик аст. Дар бастагӣ ба мавзӯъ Шер Абдулқайсов, ки дар ҳамин асар як нақши марказиро бозидааст, мегӯяд:
"Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, худ як премера ҳисоб мешавад, зеро бо намоиши ҳамин асар театр мавсими кории навбатиро оғоз кард. Намоишномаро саркоргардони театр, ҳунарманди мардумӣ Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст."

"Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ", ки пас аз 12 сол ҳунармандон пешкаши аҳли завқ кардаанд, воқеан як намоишномаи диданист, ки дар худ каму кости рӯзгор ва болову поини ҷомеаи Тоҷикистонро гунҷонидааст.
Сужаи асар ин аст, ки як тракторчӣ пас аз даргириҳои шаҳрвандӣ сари қудрати як корхона меояд ва хусуру хусурбача ва холаву тағоҳояшро ба кор мегирад.

Намоишномаро санъатшиносон ҳамакнун як падидаи нав дар саҳнаи театр муаррифӣ кардаанд, ки дар он ҳама лаҳҷаҳои мухталифи кишвар садо медиҳанд. Устухонбандии асар ин аст, ки раиси дар собиқ тракторчӣ тахти Султон Маҳмудро курсии корӣ месозад ва додситон он тахтро мусодира мекунад.Аз ҷониби дигар, намоишнома тавре роҳандозӣ шудааст, ки аҳли толор ҳам вориди он мегарданд, ва суруду таронаву рақси ҳунармандонро ҳамовозӣ мекунанду каф мекӯбанд.

Раиси тракторчӣ ахиран барои дарёфти курсӣ бояд барои сарвари дигари аз худ баландмақом намоиши мӯди занона баргузор кунад ва бонувони зеборо ба руъасо пешкаш намояд. Аммо чун зан нест, раис кормандони худро иҷборан либоси бонувона мепӯшонад. Ва аммо дар рӯзи намоиши мӯд, ки азоби ъалим роҳандозӣ шудааст, модари пири як садри баландмақом мефавтад ва тамоми сарварони ноҳия ба ҷанозаи кампир мераванд.

Намоишномаи ҳаҷвӣ, ки танз бар зиндагии рӯзмарра аст, ҳамингуна анҷом меёбад, ки бархе аз зердастони раис шӯрида, намоишкорона ӯро тарк мегӯянд ва раис дар муқобили мушкили зиёди худ танҳо мемонад.
Дар намоишнома нақшҳои асосиро Қиёмиддин Чақалов, Бобоҷон Ҳасанов, Ортиқи Қодир ва Шер Абдулқайсов бозидаанд. Театри давлатии Лоҳутӣ, баъд аз "Тахти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ" дроми "Темурмалик"-ро пешкаши мухлисин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG