Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони Шаҳритус аз ватанашон мегурезанд?


Шаҳритус

Ноҳияи Шаҳритус дар 200 - километрии шаҳри Душанбе зиёда аз 60 ҳазор сокини ҷавон дорад, вале аҷибаш он аст, ки ҳангоме ба ноҳия сафар мекунед, дар кӯчаву паскӯчаҳои он ҷавонон кам ба чашм мерасанд. Теъдоди аъзами ҷавонписарон ба Русия рафтаанд ва духтарон бошанд дар хона менишинанд. Мактаби рақами 1 ин ноҳия дуюним ҳазор толибилм дорад, вале танҳо 60 омӯзгор. Шикояти аввали худи муҳассилин низ аз норасоии омӯзгорон дар макотиби ин ноҳия аст.

Бинобар ин аксари ҷавондухтарони ноҳия ҳарчанд маълумоти олӣ надошта бошанд ҳам дар макотиб дарс мегӯянд. Фарангис Назароваи 21-сола ва донишҷӯи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд: «Ман дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ҳамчун омӯзгор ба хонандагон дарс медиҳам.»

Теъдоди зиёди ҷавондухтарони ин ноҳия аз таҳсил дуранд, зеро бо бо хоҳиши волидайн ва аз сабаби набуди шароит имкони идомаи таҳсилро надоранд. Аммо аксари онҳое ҳам, ки дар пойтахт таҳсили илм доранд, баъди хатм фаъолияти худро дар ноҳия давом додан намехоҳанд. Сабаби инро Лутфия, ки ӯ ҳам мехоҳад, дар шаҳр кор кунад чунин шарҳ дод:

«Мехоҳам, баъди хатми мактаб ба Душанбе хонданӣ равам ва дар гинеколог шавам. Ба Шаҳритус ҳам меояму танҳо дар вақтҳои истироҳатам, зеро ки дар он ҷо шароити корӣ ва маош хубтар аст."

Бекорӣ ва хонанишинӣ на танҳо духтарон, балки писарони ноҳияро ҳам домангир аст. Ситора Иброҳимова мусоҳиби дигарам мегӯяд, вақтҳои ахир ҷавонон аз бекорӣ ба монанди дуздиву ғоратгарӣ даст мезананд: "Айни ҳол ҷавонон бекоранд ва ба корҳои ношоям даст мезананд, дуздӣ мекунанд, баъд ҳозир ҷавонон ҳам кам мондагӣ."

Ҳоҷиабдураҳим Асомиддинов як сокини калонсоли ин ноҳия мегӯяд, имрӯз қариб 70 фисади ҷавонписарон барои мардикорӣ ба Русия сафар кардаанд ва танҳо 10 дарсади онҳо муҳассили донишгоҳҳои пойтахт ҳастанд. Ҳоҷиабдураҳим вазъи ҷавонони боқимондаи ноҳияро чунин тасвир мекунад:

«Мондагиёшон қариб, ки бекоранд. Даври шӯравӣ ҷойҳои фароғатӣ сохта ба истифода додагӣ буданд, ҳозир гуфтан мумкин, ки сад дар садаш аз фаъолият мондагӣ аст. Бачаҳо намедонанд, ки куҷо раванд.

Нуриддин сокини ҷавони Шаҳритус, ба тозагӣ аз Русия бозгаштааст. Ӯ барои дарёфти маблағ барои таҳсил муҳоҷирати кориро ихтиёр кардааст: «Дар як сохтмон кор кардестам, гуфтам кор карда биёям ва ба донишгоҳ бо пули худам дохил шавам. Дар як сол камтар 400 доллар кор карда овардам. Хай азоб кашидам, монда шудам омадам.»

Ба гуфтаи Ҳоҷиабдураҳим Асомиддинов, ҷавонони марказ ва ба хусус деҳаҳои дурдасти ноҳия тақрибан аз ахбори дохил ва хориҷи кишвар бехабаранд, зеро нерӯи барқ ва имкони тамошои телевизион ҳамагӣ чанд дақиқа аст. Макони тафриғияшон боғи марказист, ки бегоҳ ҷавонони маскун дар наздикиҳои марказ онҷо ҷамъ меомадаанд.
XS
SM
MD
LG