Пайвандҳои дастрасӣ

Интерпол дар ҷустуҷӯи сад шаҳрванди Тоҷикистон


Беш аз сад табааи Тоҷикистон бо дархости ин кишвар тавассути Интерпол - пулиси байналмиллалӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор доштааст. Қурбоналӣ Назаров - сардори идораи ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 20 апрел ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, аксарияти ин афрод дар ҷиноёти махсусан сангин мазнун дониста шудаанд.
Қурбоналӣ Назаров аз бурдани исми афроди таҳти таъқиб худдорӣ кард, вале таъйид намуд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири собиқ ва Назрулло Дӯстов вазири собиқи нақлиёти ин кишвар дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди Интерпол шомил мебошанд.
Абдураҳим Қаҳҳоров - муовини аввали вазири дохилаи Тоҷикистон дар шарҳи вазъи ҷиноии кишвар гуфт, дар қиёс бо соли қаблӣ панҷуним дарсад ҷинояткорӣ бештар шудааст.
Масъулини вазорати дохила гуфтанд, бахши тозатаъсиси мубориза бо қочоқи инсон аз 24 парвандаи ҷиноии ифтитоҳшуда дар ин замина таҳқиқи ҳаждаҳтои онро анҷом додааст. Ҳамчунин гуфта шуд, дар се моҳи сипаришуда бо истифода аз силоҳи оташфишон 17 ҷиноят содир шудаааст. Аммо баъд аз судури фармони раиси ҷумҳур дар бораи халъи силоҳ то ин муддат аз аҳолӣ биступанҷ ҳазору ҳаштсаду даҳ адад силоҳи оташфишонро забт ва мусодира кардаанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG