Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонии олмонӣ Ратзингер ба мақоми попи нави Рум интихоб шуд


Калисои католик рӯҳонии 78-солаи олмонӣ Ҷозеф Ратзингерро попи нави Рум интихоб кард, ки акнун бо лақаби Бенедикти XVI сарварии ин калисоро дар ӯҳда хоҳад дошт. Вай дар ин мақом Ҷон Поли 84-соларо иваз кард, ки рӯзи дуюми апрел, баъд аз 26 соли раҳбарӣ аз ҷаҳон гузашт.
Дар аввалин суханронии худ попи нав аз палконаи калисои Санкт Петер аз мардум хост, барояш дуъо кунанд ва гуфт, худро ба амонати дуъои онҳо месупорад: "Бародарон ва хоҳарони азиз, баъд аз сари поп Ҷон Поли дуюми кабир, рӯҳониён маро коргари оддӣ ва фақири боғистони Парвардигор интихоб карданд."
Ин интихобот дар дуюмин рӯзи ҷаласаи махфии кардиналҳо аз кишварҳои гуногун ба амал омад. Маросими муаррифӣ ва савганди попи нав рӯзи якшанбеи 24-уми апрел доир хоҳад шуд.
Бенедикт аз дӯстони наздики Ҷон Поли дуюм ва тайи бист соли охир раҳбари бахши фиқҳ дар Ватикон буд. Интихоби попи нави Рум дар бисёр кишварҳо мавриди истиқбол қарор гирифт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннон гуфт, Ратзингер ба дастгоҳи Ватикон таҷрибаи ғановатманди худро ҳадия хоҳад кард. Президенти Амрико Ҷорҷ Буш попи навро шахси хирадманд номид. Дар ҳамин ҳол президенти Ирлонд Мария Макалис аз попи Рум Бенедикти XVI даъват кард ба ваҳдати аҳли башар, густариши адл ва ғамхории инсонҳо нисбат ба ҳамдигар кӯшиш кунад. Вазири кишвари Исроил Исҳоқ Ҳертсог гуфт, бояд мунтазир буд ва дид, ки попи нав дар муносибат бо яҳудиён чи тамоюл нишон хоҳад дод. Аммо рӯҳониёни либерал аз ин интихоб чандон розӣ нестанд. Ратзингер солҳост, ба ҷиноҳи муҳофизакори калисои католик сарваpӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG