Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба таври асроромез нопадид гаштааст


Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мустақил ва сардабири нашрияи "Чароғи рӯз" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, шаби 15-уми апрел дар шаҳраке дар наздикии Маскав бенишон шудааст. Атовулло афзуд, ин ҳодиса тақрибан ба боздошти Искандаров дар 9-уми декабри соли гузашта шабоҳат дорад. Вай мегӯяд, Искандаров дар манзили як дӯсти боэътимодаш, дар як шаҳраки хурди наздикии Маскав зиндагӣ мекард. Нимишабии ҷумъа Искандаров ва соҳиби манзил ба берун мебароянд ва дар наздикии бино ду корманди милисаро мебинанд. Соҳиби хона аз Искандаров хоҳиш мекунад, дар паси девори даромадгоҳ биистад, то ӯ наздиктар равад ва фаҳмад, ки ин милисаҳо кистанд. Вақте бармегардад, Искандаровро намёбад. Вай якҷо бо аъзои хонаводааш, ҳамаи атрофу акнофро меҷӯянд, аммо нишоне аз Искандаров намеёбанд. Ба ақидаи Атовулло дар рӯзҳои баъдӣ, яъне шанбе ва якшанбе, бисёр идораҳо баста мебошанд ва танҳо рӯзи душанбе хабаре ошкор хоҳад шуд. Аммо то имрӯз, мегӯяд ӯ, аз сарнавишти Искандаров чизе маълум нест.
Мақомоти интизомии Русия Искандаровро рӯзи 4-уми апрели соли равон, пас аз чор моҳи ҳабс озод карданд ва дар посух ба дархости Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, барои супурдани ӯ ба дасти мақомоти Тоҷикистон далели кофӣ надоранд. Худи Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми апрел худро комилан бегуноҳ номид. Аммо додситони кулли Тоҷикистон эълон кардааст, ки на танҳо такроран аз мақомоти Русия, балки аз полиси байнулмилал боздошт ва интиқоли Искандаровро ба Тоҷикистон талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG